Шоҳроҳи истиқлол

Вақте зонувонамро дошта аранге аз ҷоям хестанӣ мешавам, лабонам ғайриихтиёри ман пичирос мезанад:
– Хонаи охират муборак, Ҷонибек! Рўҳат шод бод! Азоби зистан бароят осон шуд. Акнун зиндагиро аз сари нав оғоз мекунӣ ва ҳеҷ кас ба ту ва армонҳоят халал нахоҳад расонд, ки чӣ тавр ва аз рўи кадом низому қонун бояд ҳаёт бубинӣ.
Падруд, бародари азиз, илоҳо Парвардигори ҳамеша меҳрубон туро дар паноҳи инояту шафоаташ бигирад, аз рўзиву хушбахтии унҷаҳонӣ бенасиб нагардонад! Омин!
Ба назарам, ин орзуро ончунон самимона ва боварибахш ба забон овардам, ки хаёлам воқиан ин қабри нав акнун хокдони ман аст. Ва аз ин рў ба он меҳр бастам ва боз дурудароз дар як гўша истода, ба гўри худ нигаристам.
Ҳузни гўристони Сариосиё оҳанги ҳасрат менавохт ва ман имрўз охирин касе будам, ки онро бешитоб тарк мекардам. Ва аммо сари шонаҳоям ҳанўз ба манзараҳои парешони гўристон мутавваҷеҳ буданд.
… Дар истгоҳи рў ба рўи «Боғи хайвонот» барои чӣ аз автобус пиёда шудам – худам нафаҳмидам. Вақте дуди талхи автобус ба димоғам расид, ба худ омадам ва фаҳмидам, ки ҳавои танҳоӣ маро ба худ кашидааст. Ҳанўз офтоби тира ва дури осмон напарида буд ва ғубори тунуке, ки дар фазои шаҳр ноаён паҳн мешуд, дарак медод, ки боронҳо наздик мешаванд. Боронҳои сарди поёни тирамоҳ.
Оҳиста – оҳиста рў ба ҷониби пули болои рўди Душанбе қадам мезадам ва тадриҷан идрок мекардам, ки мақсади дар ин ҷо пиёда шуданам маҳз дидани рўди Душанбе аст. Тамошои оби равон хаёлу хотири озурдаро таскин мебахшад. Яке тасаввур мекунӣ, ки оби равон аз чамани хазону парешони хаёли ту ҷорӣ мешавад ва дере нагузашта мўъҷиза рўй медиҳад: чамани сўхтаи хаёлат аз нав ҷон мегирад, шодоб мешавад ва мешукуфад. Ҳай – ҳай, чӣ хуб ангорае!
Мобайни пул омадаму рост истодам. Ором, хомўш ва як калобаи ғам будам. Оҳ, дар ин фасл обҳои Тоҷикистон аҷаб ширину мусаффо мешаванд. Он қадар тоза, он қадар тоза, ки лағзиши гуна – гуна сангрезаҳоро дар қаъри дарё метавон мушоҳида кард. Нигоҳи кас мешукуфад ва ба рўи тахтамавҷҳои шаффофи дарё медавад, гоҳе моҳича барин ба қаър фурў меравад, бозӣ мекунад ва ҳамаи ин дар таки дили кас тантанаи гарме барпо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё