Шоҳроҳи истиқлол

Маро аз ҳамин хомўшии пури дардам меёбед. Хомўшиам аз ман беҳтар гириста метавонад…
Ў чизе намегўяд.
Ҷанозаро шитобон мебардоранд. Ҳаво на гарм, на сард, нафасҳои охирини поёни тирамоҳ аст. Ҳузне ки дар сар то сари гўристони Сариосиё баробари ба ин ҷо ворид шудан эҳсос мешавад, аҷаб пурасрору яъсовар аст. Аз андеша ва хаёли кас ҳама гуна ташвиш ва орзуву ормонро мепароканд.
Фақат ботинан ба худ меандешӣ, ана, кас ҷаҳонгир шавад, ки оқибат ба ҳамин макони якзайл хомўшу андак тазйиқовар кўч мебандад – вассалом!.
Дар ин ҷо танҳо одамони зинда шитоб доранд, хуфтагон орому осудаанд ва шояд хушбахту қаноатманд. Албатта, ба чанд газ замин – хонаи охирати худ чунон меҳр бастаанд, ки ҳатто дидори офтобу моҳтобро дидан намехоҳанд. Муаммои сарбаста будани зиндагӣ оё дар ҳамин нануҳуфтааст, ки мо намедонем хушбахтии абадӣ кадом бошад ва он чӣ таъме дорад?
Вақте одамон бо аҷала ба рўи қабри нав хок мекашанд, дар қаламрави гўристон як хомўшӣ ва муҳити хафакунандае ҳукмфармо мешавад. Ҳатто садои парвози кўчактарин парандаро озод метавон шунид. Хаёлу хотири озурда ва чеҳраи андўҳгини ҷанозабарон ба ин муҳити ғамфизо омехта мешавад ва ба назари одами мушоҳидакор ба оҳанги пушаймонӣ ҳарф мезанад. Ба маънии сухангўии гўристони сокит ҳар кӣ ба майли хоҳиш ва тақозои олами ботини худ гўш фаро медиҳад ва чӣ аҷаб, ки ана дар чунин лаҳзаҳо одамон ҳатто зебову бегуноҳ менамоянд. Балки одамон дар чунин муҳит оҷизии худро шояд бори чандум эҳсос мекунанд. Аммо табиист, ки чун дарвозаи гўристонро ба қафо мегузоранд ва ба қавле, ба муҳити озод мебароянд, худро осемасар ба оғўши зиндагии пурмашғала, серташвиш ва поёнаш ноаён меафкананд.
Ҳаёти воқеӣ аз нав тантана мекунад!
Хоки қабри навро то охирин бел ба як ҷо тўб мекунанд, гўрро бораи зебо мекашанд, атрофи ин бораи навро одамон фаро мегиранд. Ҳама орому ботамкинанд, фақат нолиши ранҷидаоҳанги хазони зери по ба гўш мерасад.
Баъд домулло ояте аз Каломи Шариф қироат мекунад ва ҳама баробар кафҳои кушода ба рўй кашида аз ҷой мехезанд.
Устод Ғолиб сокиту сархам болои хорпуштае нишастааст, мегўӣ ба нимпайкараи ғам табдил ёфта бошад. Фақат гоҳ – гоҳе оҳ кашида, бо таассуф сар меҷунбонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё