Шоҳроҳи истиқлол

Фақат садои зангўладори дили маро мешунавад магар узвҳои коҳилу ғофилу беҳолгашта ва магар ба таппишу ҷумбиш меоянд, магар амсоли бачагони аз занги мактабӣ ба шўромада ба бозӣ ва ғалаёни дигар шурўъ карда метавонанд?
Дили ман амсоли зангўлаи мактаб дар хонаи вуҷудам овоз мебарорад, ҳаёҳўй дорад. Ҳаёҳўй, ки даврони нави зиндагӣ расида, балки эъҷози нав гирифта зиндагӣ. Эъҷози тоза ба тоза гирифта зиндагӣ…
Аммо сафедии мўйи ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Ожангҳои рўйи ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Камнурии чашмони ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Беҳолии дасту пойи ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Қомати хамоварди ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
…Гузашта ва гузашта зиндагӣ...
Вале на вобаста ба ҳамаи ин дили ман гўё ҳамин ҳозир ба олами ҳастӣ омада бошад метапад. Метапад амсоли кўдаки нав тавлидёфта. Метапад ва хунобаи ҷўшхўрдаи худашро равона месозад ба узвҳои дигарам ва овоз дармедиҳад:
«зиндагӣ шурўъ гардида, идомаи нав дарёфта. Балки идомаи беҳтараш, лазизтараш, ширинтараш дар пеш бошад…»
Аммо овози дили маро мешунавад магар аъзои карахтшуда, коҳилгашта, хобзадаи ман. Узвҳои коҳилу хобзадаи мани пиршуда ва кайҳо фартутгашта…
Дили ман, на вобаста ба ин, метапад ва гўё нав ба олами ҳастӣ омада бошад, ки туғён дорад ва ё ҳанўз туғёни дигар зоҳир кардан мехоҳад…
Дили ман…
ДАР ДАМИ БОДҲО
…Ин ҷаҳону ин зиндагӣ ҳама дами бодҳо бошанд ва дами бодҳо қарор гирифта ё дами бодҳо саргардон гашта. Дами бодҳои фалаку кайҳон саргардон бошанд ситорагон, сайёрагон ва ҳар ҷурми дигари кайҳон. Балки печонда мебаранд бодҳои афлок ситорагонро, сайёрагонро, ҷамеи мавҷуди дигари галактикаи азими азимро. Печонда мебаранд ҳамчу гарде, ҳамчу заррае. Печонда мебаранд ба самтҳои номуайёну ноаён ва ноошно, ки худи ин бодҳои фалак равонанд ва равон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё