Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яке аз зарраҳои фалаки беохири азамат, ки гирдаи гардон аст ва дами бодҳои кайҳон саргардон аст, сайёраи замин бошад. Ҳаёти вай низ аз бод, яъне аз ҳаво, яъне атмосфер асос гирифта, барои ҳамин зодгоҳи ҷондор ва ҷонварон гардида. Яъне ҳаёти ҷондорон ва ҷонварони замин ҳамчунин дами бод бошанд, дами бод зиндагӣ ба сар бубаранд, яъне лаҳзае бодро фурў накашанд, берун накунанд, аз таппиш, аз ҷунбиш, аз ҳастӣ фурў бимонанд.
Зиндагии мавҷуди мағздору сухангўи замин, яъне инсон ҳам дами бод қарор гирифта, яъне бе нафас кашидан зиндагии худро идома дода натвонад.
Хуллас ҳастии ҳамагон ва зиндагии ҳама мавҷудот дами бод қарор дорад, вобастаи бод идома меёбад, ҳар ҷурм ва ҳар ҷузъ ва ҳар гирдаву ногирда дар галактикаи азими азим дами бод гардиш дорад, ё дар оғўши бод ҳастиашро идома медиҳад, то даме ки ба боди фано наравад. Бале, рафтан ҳам ин рафтан бошад ба боде.
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
«Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З–омада шодмон би бояд буд,
В–аз гузашта накард бояд ёд…
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс, Бода пеш ор ҳарчӣ бодо бод!…»
Балки бод на танҳо бод, балки ҳастӣ бошад, балки нестӣ ҳам аз он буда.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс, Бода пеш ор ҳарчӣ бодо бод!…»

МАНУ ВАҚТ
ДАР ГУЗАРГОҲЕ ВОХЎРДЕМ

Ману Вақт дар гузаргоҳе вохўрдем ва рафтему рафтем паҳлўи ҳам. Ва гўё паҳлўи ҳам будани мо поён надошт.
Пасон Вақт аз ман бигзашт. Аз мане, ки аз бори зиндагӣ, аз ташвишу ғубори солҳо хаставу беҳол шуда, торафт қафо мемондам. Қафо мемондам аз Вақти беист дар ҳаракат. Дигар наметавонистам баробар бишавам ба вай. Беист мерафт Вақт ва мерафт.

пешина
аз 276
навбатӣ