ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

- ОМЎЗИШИ ДОНИШҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ МАҲАЛӢ ДАР ВОДИИ РАШТ Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурӣ бо чунин давлатҳо ҳамсарҳад мебошад: аз шарқ ба Ҷумҳурии Чин дарозии хати сарҳад 430 км, аз шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон – 630 км, аз ғарб бо ҷумҳурии Узбекистон-910 км ва аз ҷануб бо Афғонистон-1030 км хати сарҳад дорад. Сокинони ин диёри кўҳистон аз қадимулайём ба зироатчигӣ ва рушди кишоварзӣ машғул буданд. Кишоварзӣ яке аз манбаҳои асосии рўзгузаронии ин мардуми ин мамлакати аграрӣ ба шумор мерафт. Дар ин ҷо чунин омилҳои агроэкологии мамлакат, ба монанди давомнокии рўз, пасту баланд шудани ҳарорат дар давоми сол, инчунин консентратсияи баланди нурҳои ультрабунавш боиси таъсир расонидан ва дигаргун гаштани бисёре аз нишонаҳои морфологӣ ва ирсии набототу ҳайвонот дар Тоҷикистон мегарданд. Аз ин сабаб Тоҷикистон ватани пайдо гаштани чунин зироатҳо, аз қабили гандум, пиёз, сирпиёз, лўбиёгиҳо, харбуза, мевагиҳо ва дигар зироатҳо ба шумор меравад (Н. И. Вавилов) ва аз қадимулайём аҷдодони гузаштаи ин минтақа муаллифони бисёре аз навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ба шумор мераванд. Халқҳои бисёри олам, аз қабили Ҳиндустон, Чин, Афғонистон, Эрон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо то кунун аз дастовардҳои тоҷикон дар ба даст овардани навъҳои зироатҳо ва ҷинсҳои ҳайвонот истифода мебаранд. Вале бисёре аз навъҳои маҳаллии зироатҳо ва зотҳои ҳайвонот, ки ба шароити маҳал дар муддати дарози эволютсионӣ мутобиқ гашта буданд, дар натиҷаи ворид сохтани навъу зотҳои дигар аз беруни мамлакат дар муддати солҳои 70-90 – ми асри гузашта, боиси аз байн рафтани ин навъҳои маҳаллӣ гашт. Бинобар ин ҳоло боз зарурияти аз нав омўхтану эҳё сохтани ин гуногунии агробиологии маҳаллӣ, донишҳо ва малакаҳои мардумӣ дар бахши кишоварзӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз ходимони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамроҳии мутахассисони Ташкилоти Ҷамъиятии (ТҶ) «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт» доир ба омўзиши гуногунии агробиологии маҳаллиро дар шароити водии Рашт анҷом расониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё