ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Роҳбари ин гурўҳ Раҳматуллоев Саидҷамол мебошад. Ин ГТД дар мавзўи пешгирӣ намудани кўчиши хок кор мебаранд. Дар вақти интихоби чунин заминҳои кишоварзӣ, ки дар нишебиҳои кўҳҳо ҷойгир гаштаанд аъзоёни ГТД ба интихоби дарахтону буттаҳое, ки дар ин мавзеҳо мерўянд диққати калон медиҳанд.
Аз сабаби оне, ки дар ин мавзеҳо аз таъсири боришот хокҳои чунин заминҳо осебпазиранд, шинондани дарахтони мевадиҳанда, ҷангалӣ, буттаҳо, инчунин зироатҳои хўроки чорво, аз қабили юнучқа, қатраборон (эспарсет), топинамбур, шабдар ва дигар зироатҳое, ки решаҳои боқувват доранд ва решаи онҳо дар хок чуқур меравад истифода мебаранд. Деҳқонон дар сурати истифода бурдани чунин дарахтону буттаҳо лағжиши хокро нигоҳ дошта, эрозияи заминҳоро хело кам мегардонанд, ки ин боиси ҳифзи заминҳои кишоварзӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки парвариши чунин боғҳо дар нишебиҳо низ барои ҳифзи замин ва таъмини ғизои одамон ҳам хело аҳамияти калон дошта, барои таъмини озўқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон дошта, барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ ба оилаҳои мардуми деҳот кўмаки калон карда метавонад. Ин таҷрибаи нодири ГТД дар оянда дар корҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии заминҳои нишебиҳо ва минтақаҳои дигари кўҳӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад ва кўмак расонад.
Деҳаи «Ганишоб». Парвариши картошка бо шарбати пору.
Дар деҳаи «Ганишоб» -и ноҳияи Тоҷикобод Гурўҳи техно логии деҳа дар мавзўи «Парвариши картошка бо шарбати пору» корҳои лоиҳавиро иҷро менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё