Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ГТД 10 нафар мардони ин деҳа дохил мешаванд, ки роҳбари онҳо Маҳмадов Илҳомуддин мебошад. Онҳо дар таҷрибаи кори чандсолаашон дар ҷараёни парвариши картошка бо истифодабарии шарбати пору истифода мебаранд. Онҳо дар ин таҷрибаи анъанавиашон бештар аз ҳал намудани поруи чорво дар аввали ҷўйякҳо кандани хандақи махсус (ҳаҷмаш ихтиёран интихоб мегардад) ва онро бо об маҳлул намуда, баъди нишасти офтоб шабона ба картошказор сар медиҳанд. Чунин усули истифодаи поруҳои пўсида ва гузаронидани обмонӣ бо шарбати пору имконияти ба даст овардани ҳосили баланди картошка ва дигар зироатҳоро кўмак мерасонад. Барои ин онҳо инчунин баргу пояи ин растаниҳоро дар якҷоягӣ бо поруи пўсида дар об тар карда, дар муддати якчанд рўз дар даруни хандақҳои канда шуда нигоҳ медоранд. Баъд аз он оби шарбат гаштаи поруро ба ҷўйякҳои картошка бо об равон менамоянд. Ин таҷрибаи мардумӣ барои ғизонок гаштани замин ва баланд гаштани ҳосилнокии картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд, барои ҳифзи замин ва ҳосилхезии он низ кўмак мерасонад.

Деҳаи «Дараи мазори боло».

Парвариши боғ дар заминҳои ғайри кишоварзӣ.

Дар деҳаи «Дараи мазори боло» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши боғ дар заминҳои ғайри кишоварзӣ» корҳои амалиро иҷро менамоянд. Дар ин гурўҳ 5 нафар мардони ин деҳот аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Маҳмадов Мустафо мебошад. Ин ГТД оиди истифодаи заминҳои ғайри кишоварзӣ дар бунёди боғҳои мевадиҳанда кор ва фаъолият менамоянд.

пешина
аз 56
навбатӣ