ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар ин ҷо мо бо пайвандзанони моҳир - Ёкубов Пирумшо – 54 сола, Шокиров Баладҷон – 54 сола, Маллаев Маҳмаднабӣ -57 сола, Ҳиматова Точиниссо – 52 сола ва дигарон вохўрӣ гузаронидем. Инчунин мо бо ҳамроҳии деҳқонони деҳа - Шарипов Сайакрам – 70 сола, Холназаров Қандил – 70 сола, Саъдуллоев Фатҳулло – 75 сола, бо устоҳои ахтакунии чорво бо усули мардумӣ Абдукаримов Исматулло – 56 сола, табиби халқии деҳа Ҳодиев Муқим – 55 сола, устоҳои деҳа оид ба тарошидани асбобҳои чўбин, юғу сипор - Маҳмадшоев Мизробшо – 54 сола, Сафаров Амиршо
– 30 сола сўҳбатҳои муфид оростем. Дар ин ҷамоати деҳот ҳоло 10 осёби обӣ кор мекунанд.
Деҳаи «Сари Кенҷа» Ин деҳа дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гаштааст. Дар ин деҳа бештар аз 400 оилаҳо умр ба сар мегузаронанд. Дар ин ҷо мо пайвандзани моҳири дарахтон Абдурахимов Муҳаббат, ки 60 сола аст вохўрдем. Вай дар бахши пайванд намудани дарахтони мевадиҳанда таҷрибаи бой дорад. Ҳар сол ў пайвандҳои гуногуни дарахтонро гузаронида, барои нигоҳ доштан ва афзун гардонидани навъҳои маҳаллӣ хизмати шоиста менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё