ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Бояд қайд намуд, ки дар шароити ноҳияи Тоҷикобод чунин заминҳои ғайрикишоварзӣ дар талу теппаҳо хело бисёранд. Дар чунин заминҳои ташкил намудани боғҳои дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, ношпотӣ, тут, чормағз ва ғайраҳо мувофиқи нишондодҳои Ҳукумати ноҳия ва Ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Чунин таҷрибаи бой андухта шуда дар шароити ин деҳа аз тарафи ГТД хело ҳам иқдоми дар оянда баланд бардоштани меваҷот ва пешгирӣ намудани заминҳо аз эрозия ба шумор меравад.
Соҳаи боғдорӣ дар кўҳистон яке аз манбаҳои зарурӣ ва сердаромад ба шумор рафта, таҷрибаи бои ГТД – «Дараи мазори боло» барои дар оянда афзун гардонидани маводи ғизоӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот кўмаки калон хоҳад расонид. Ҳамин тариқ аз истифодаи заминҳои санглоху ғайри кишоварзӣ баҳри ташкил намудани боғот дар оянда аҳамияти калони иқтисодиро таъмин менамояд ва ин таҷрибаи мардумӣ, ки дар деҳаи «Дараи мазори боло»- и ноҳияи Тоҷикобод ба даст оварда шудааст, метавонад дар дигар манотиқи кўҳистон васеъ истифода гардад.
6.6. Ноҳияи Лахш
Ин ноҳия дар қисми шарқии мамлакат дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Ин ноҳия бо вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад ва дар он ҷо қирғизҳо ва тоҷикон аз давраҳои қадим дўстона дар якҷоягӣ умр ба сар мебаранд.
Деҳаи «Пилдон»
Дар ин деҳа бештар аз 263 оила умр ба сар мебаранд. Дар ин ҷо мо ба Раиси ҷамоати деҳоти Пилдон Абдулхайров Мазорӣ – 55 сола, Шейхов Аюбҷон – 31 сола, Одинаев Қодирбек – 53 сола, Сафаров Мирзошо – 40 сола ва дигарон вохўрӣ гузаронидем. Дар натиҷаи ин вохўриҳо ба мо маълум гашт, дар ҳудуди ноҳия ва ҷамоати деҳоти «Пилдон» аз давраҳои қадим навъҳои маҳаллии мевагиҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳудуди ноҳия аз навъҳои маҳаллии қадимаи себ «Шафеӣ», «Пайвандак», «Шолангарӣ», «Пахтасеб», «Тирамоҳӣ», «Ҳайдарӣ», «Латтасеб», «Боғулма», «Ҳавлояк», «Пешпазак», «Тўрушак»; аз навъҳои зардолу – «Қандак», «Сафедак», «Бодомак» (50% донаҳояш ду мағза мебошанд); аз навъҳои чормағз – «Қоқатак», «Ҳамелӣ», «Кўрак»; аз навъҳои ток – «Ҳусейнӣ», «Ҷафс», «Тойфӣ»; аз навъҳои шафтолу – «Сафедак», «Сурхак», «Лучак»; аз навъҳои тут – «Сурхтут», «Сафедтут», «Сиёҳтут», «Балхӣ», «Бедона», «Шоҳтут», «Алатут»; аз навъҳои нок – «Ношпотӣ», «Сиёҳмуруд», «Хафмуруд», «Анҷирак»; аз навъҳои гандум – «Сурхак», «Сафедак», «Иродӣ»; аз навъҳои боқле – «Сиёҳ», «Сафед»; аз навъҳои лубиё – «Сиёҳ», «Сафед», «Зард», «Алло»; аз навъҳои ҷав – «Сафедак», «Кабудак»; аз навъҳои каду – «Таиаловӣ», «Ширкаду», «Пуштӣ», «Обкаду» ва «Носкаду» дар ҳавлиҳои мардум кишту кор мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё