ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Бояд қайд намуд, ки ба як гектар замин ГТД ба миқдори 1,5-2 тоннагӣ хокистарро дар вақти кишт ба замин меандозанд ва ин кўмаки калон мерасонад. Дар давоми нашъу намои картошка деҳқонон ба киштзор 7-8 маротиба об мемонанд. Инчунин хокистар барои ба касалиҳо тобовар гаштани картошка кўмаки калон мерасонад.
Аз таҷрибаи пўхтани нонҳои гуногуну болаззат дар деҳот
Тайёр намудан ва пўхтани нонҳои гуногун ва калонҳаҷм бештар дар деҳоти Тоҷикистон хело маъмул мебошад. Махсусан ин ҳунари анъанавӣ дар водии Рашт хело машҳур аст. Хонума Ойюмгул Ҷумахмадова, ки ҳоло 55 сола мебошад, нонҳои калони гирдашон аз 1,5 метр ҳам калон аст, пўхта тайёр менамояд. «Ман ин ҳунари суннатиро аз модаркалонам Мастура ва модарам Раъно дар синни 15 солагиам омўхтам. Бо шарофати ин ҳунарам маро дар бисёр маъракаҳояшон мардум барои пўхтани нонҳои гуногун ҷеғ мезананд. Ман инчунин нонҳои болаззатро аз қабили чапотӣ, кулча, фатир, қатмол, озўқ, половгун, хасфатир, хасфатири варақӣ ва ғайраҳо мепазам». Мувофиқи маълумотҳои аз онҳо ҷамъовардаи мо сифати нон ва калони вай аз сифати орду навъи гандум вобастагӣ дорад. Онҳо дар ин кор орди гандуми навъҳои маҳаллии дар осёбҳои обӣ тайёр гаштаро баҳои баланд медиҳанд.
Аз таҷрибаи сохтани танурҳо дар деҳот Дар деҳаи «Сари пул»- и ноҳияи Тоҷикобод хонум Зебониссо Пирова иқомат менамояд, ки ҳоло ў 55 сола мебошад. Вай ба мо нақл намуд, ки.. « ман таҷрибаи сохтани танурҳои маҳаллиро аз модаркалонам, ки он вақт ман 20 сола будам омўхтаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё