ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар вақти тайёр намудани танурҳоям, ман аз хокҳои ҷигарии маҳаллӣ, қуму рег, сангчаҳо, коҳ ва обро истифода мебарам. Ин масолеҳро ман дар рўи замин омехта намуда, баъд аз онҳо танур месозам. Ин намуди танурҳо барои пўхтани нон қулай буда, оиди сарфаи ҳезум камхарҷ мебошанд, ки ин аҳамияти калон дорад дар мавриди якбора пўхтани нонҳои бисёр, кам ихроҷ намудани гази карбон ба ҳаво ва сарфаи ҳезум, ки ҳоло камчин аст».
Парвариши картошкаи болаззати органикӣ
Картошка зироати асосии хўрокӣ ҳисобида мешавад. Аз лўндаҳои картошка бештар аз 200 намуди таомҳо тайёр менамоянд. «Ман ба картошкапарварӣ бештар аз 75 сол боз ин ҷониб машғулам, – мегўяд, деҳқони деҳаи «Машконак»-и ноҳияи Рашт Партовалӣ Салимов, ки ҳоло 85 сола мебошад. Таҷрибаи парвариши картошкаи болаззати органикиро ман хело боз давом дода истодам. Барои ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат яке аз чорабиниҳои асосӣ – ин кишти омехтаи лўндаҳо бо порўи пўсидаи органикӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё