Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои ин деҳқонон дар хирманҷойҳо, ки дарзаҳои гандум бо ёрии чорвои хонагӣ майда карда мешуд, дони гандумро бо мутаносибии 1:1 бо хоки тафсон омехта намуда, онро чанд маротиба тагу ру менамуданд. Дар натиҷаи ин кор занбурўғи дар донҳо часпида бо хок омехта гашта, касалӣ дигар ба растаниҳо зарар намерасонид ва деҳқонон аз ин офат зарар намедиданд. Махсусан, ин чорабинии суннатӣ дар тайёр намудани тухмии солими ғалладонагиҳо кўмаки калон мерасонид. Ин усули бобогии тайёр намудани тухмии гандум ва безарар гардонидани он ҳоло ҳам дар аксари деҳаҳои ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ, Ваҳдат, Варзоб ва ғайраҳо истифода мегардад.

Аз таҷрибаи тайёр намудани ҷурғот ва гирифтани равған аз он.

Дар шароити деҳоти Тоҷикистон занон асосан усули суннатии коркард намудани маҳсулоти ширӣ ва тайёр намудани ҳар гуна ғизоҳои гуногунро аз шир тайёр менамоянд. Масалан раванди тайёр намудани ҷурғотро гирем, дар ҳар деҳа вай аз тарафи бонувон истифода карда мешавад ва аз ҷурғот ҷудо карда гирифтани равғани он дар минтақаҳои гуногуни мамлакат як хел нест. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бонувон зарфҳои гирди сафолӣ ё ин ки оҳаниро истифода бурда, барои ҷудо карда гирифтани равғани ҷурғот аз асбобҳои аз чўб тайёр намудаи қадимаи суннатӣ ба монанди «чагдегӣ», «чахниқ» ва «чахчўб» истифода мебаранд. Аммо мо дидем, ки дар аксари ноҳияҳои шимолии мамлакатамон бонувон дар ин кор асбобҳои аз чўб тайёр карда шуда, ба шакли дароз ва аз «кафчўб» истифода менамоянд. Ин ҳунари суннатии мардумӣ доир ба тайёр намудани маҳсулоти ширӣ дар ҷараёни коркарди маҳсулот ёрии калон расонида, дар ба даст овардани маҳсулоти тозаи органикӣ кўмаки калон мерасонад.

Аз таҷрибаи коркарди маҳсулот дар зери офтоб

Дар вақти сафарҳоямон мо дар аксари деҳот мушоҳида намудем, аҳолии деҳот дар фасли тобистон аз гармии офтоб самаранок истифода мебаранд. Бисёре аз бонувони деҳот аз ин манбаъи энергия дар коркарди помидор истифода мебаранд. Онҳо ҳосили помидорро чинда, бо об шўста, бо корд онҳоро чанд қисм карда, баъд онҳоро бо намак омехта намуда (бо мутаносибии 1қисм намак ва 10 қисм помидор), баъд дар зарфи сирдор дар зери офтоб 3- 5 рўз нигоҳ медоранд.

пешина
аз 56
навбатӣ