ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Бо ҳамин тариқ баъди як ҳафта помидори хамиргаштаи хуштаъм (паста) барои истифодабарӣ ё барои хўрока ё ин ки барои фурўш тайёр мегардад. Қисми дигар аҳолӣ энергияи офтобро барои хушк намудани меваҷот, аз қабили тут, себ, нок, ангур, зардолу ва ғайраҳо истифода мебарад. Барои ин онҳо меваҷотро дар зери офтоби тобистон нигоҳ дошта, аз онҳо маҳсулоти хуштаъм тайёр менамоянд. Бо ҳамин тариқ ин таҷрибаи суннатии хушк намудани меваҷот барои тайёр намудани хўрокаҳо, барои муҳофизати муҳити зист ва ба даст овардани маҳсулоти тозаи табии аҳамияти калон дорад.
Аз таҷрибаи истифода намудани ҳайвонҳои хонагӣ дар кишоварзӣ
Вақтҳои охир аз сабаби мушкил гаштани дарёфт ва харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шакли истифодабарии суннатии парвариши зироатҳои кишоварзӣ бо истифода намудани ҳайвонҳои хонагӣ ва асбобҳои қадима баргаштаанд. Махсусан гузаронидани шудгори замин ба воситаи ҳайвонҳои хонагӣ нисбати ин корро ба воситаи техникаи вазнин ба ҷо овардан дар заминҳои ноҳияҳои кўҳӣ хело арзон, барои нағз нигоҳ доштани структураи хок ва барои муҳити зист хело фоидаовар мебошад. Ин таҷрибаи мардумӣ боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки вай оддӣ буда, дастраси деҳқонон буда, барои он сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникӣ зарурият надорад. Ин анъанаҳои қадимаи мардумӣ дар аксари ноҳияҳои кўҳистон аз нав эҳё гашта истодаанд. Масалан, деҳқонону картошкапарварони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш (Ҷиргатол), Файзобод ва дигар ноҳияҳо солҳои охир дар парвариши зироатҳо аз ҳайвонҳои хонагӣ (гов, хару аспҳо) васеъ истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё