Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз таҷрибаи қадимаи майда намудани ғалладонагиҳо

Халқи тоҷик аз замонҳои қадим дар корҳои кишоварзӣ аз ҳайвонҳои хонагӣ васеъ истифода бурдааст. Чунки дар замонҳои қадим техника набуд ва мардум ба воситаи гов, хар, асп корҳои кишоварзиро пеш мебурданд. Махсусан аз ҳайвонҳои хонагӣ дар корҳои майда намудани ғалладонагиҳо дар сари замин истифода мебурданд. Барои ин онҳо дар ҷои шамолгузар дарзаҳои бастаи ғалладонагиҳоро ҷамъ оварда, баъд ба воситаи ҳайвонҳои хонагӣ онҳоро майда менамуданд. Баъди ин дастӣ онҳо коҳу донҳоро ба ҳаво партофта, ба воситаи шамол донро ҷудо карда мегирифтанд. Коҳи ҷудогашта ба чорво хўронида мешуд.

Аз таҷрибаи истифодаи осёбҳои обӣ дар деҳот

Дар аксари деҳоти мамлакатамон ҳоло ҳам мардуми деҳот дар орд намудани гандум аз осёбҳои обӣ васеъ истифода мебаранд. Дар ҳар деҳае, ки ҳоло чунин осёбҳои обӣ сохта шуда истифода мегарданд, албатта дар он ҷо устоҳои маҳаллӣ оид ба тарошидан ва тайёр намудани сангу дигар лавозимоти чунин осёбҳо умр ба сар мебаранд. Осёбҳои обӣ низ яке аз намудҳои истеҳсолӣ дар истифода намудани манбаъҳои аз нав тавлидшаванда ба шумор рафта, барои муҳити зист ягон хаву хатареро пеш намеоранд. Дар натиҷаи орд намудани гандум дар чунин осёбҳои обӣ сифати орд хело хуб буда, чунин орд инчунин барои саломатии одамон хело судманд мебошад. Инчунин аз чунин тарзи коркарди гандум ва аз элек гузаронидани он сабус низ ҷудо мегардад, ки вай барои чорво хўроки ғизонок ба шумор меравад.

пешина
аз 56
навбатӣ