Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз таҷрибаи нигоҳдории навдаи пайвандшаванда дар муддати тўлонӣ

Ин намуди инноватсионии нигоҳ доштани навдаи пайвандшавандаи дарахтони мевадиҳандаро мо дар деҳаи «Ҳоит», ки аз тарафи боғдорони ин деҳа истифода бурда мешавад, омўхтем ва навишта ба хонандагон пешкаш менамоем. Ин намуди нигоҳдории навдаҳои пайвандшаванда чунин мебошад: бо ёрии корди пайвандкунӣ навдаҳои пайвандшавандаро бо дарозии 15- 25 см бурида, қисми поёнии онро тез намуда, баргҳои онро дур сохта, баъд ба лўндаи картошка то 3-5 см мехалонанд. Чунин тарзи нигоҳдории навдаи дарахтони мевадиҳанда имконият медиҳад, ки навдаи пайвандшаванда муддати тулонӣ нигоҳ дошта шавад ва ба масофаҳои дур интиқол дода шавад.

Аз таҷрибаи кории селексионерони мардумӣ

Деҳқони таҷрибанок аз деҳаи «Поҷеи поён»-и ноҳияи Рашт Ғайратшо Махмадшоев зиёда аз 20 сол аст, ки ба парвариши ғалладонагиҳо, лўбиёгиҳо ва зироатҳои хўроки чорво дар шароити деҳаашон машғул мебошад. Дар баробари ин вай инчунин ба корҳои селексионӣ низ шавқу рағбати калон зоҳир намуда, дар ин кор аз

пешина
аз 56
навбатӣ