ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

дастурҳои қадимаи мардумии интихоби ниҳолҳои серҳосил ва омўхтани онҳо дар солҳои оянда истифода мебарад. Бо шарофати чунин ҳавасмандӣ ва кунҷковиаш дар ин муддат ба ў муяссар гаштааст, ки якчанд намунаҳои ояндадори зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили ҷуворимакка, лубиё ва ғалладонагиҳоро ба даст оварад.
Масалан вай ба мо нақл намуд, ки чӣ тавр ба ў муяссар гашт, ки намунаҳои серҳосили зироатҳои ҷуворимакка, нахўд ва лўбиёгиҳоро ба даст оварад. «Ман аз водии Вахш тахминан даҳ сол қабл аз ин тухмии ҷуворимаккаро харидорӣ намуда, дар қитъаи заминам кишт намудам. Ҳамон сол мутаассифона хушксолӣ шуд ва ман зироатҳои кишткардаамро қариб ки об дода натавонистам. Дар охири сол дар мобайни ниҳолҳои бисёри ҷуворимакка ман як ниҳоли боқувват, ки чор дона сутаи тухмӣ дошт интихоб карда гирифтам. Соли дигар тухмиҳои ин растаниро алоҳида кишт намуда, мисли соли пешин ба киштзор об намондам. Дар охири сол муяссар гашт, ки бе об ҳосили хуб ба даст биёрам. Аз ҳамон вақт ман ин навъи ба даст овардаамро ҳар сол кишт намуда, тухмиашро ба ҳамсояҳо тақсим намудам, ки онҳо ҳам аз ин навъ бе об ҳосили хуби 35-45 сентнериро аз як гектар ба даст меоранд. Шартан ман ин навъи ба даст овардаамро навъи «Тобовар» ном гузоштам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё