Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Гир, набошад, ҳамин ҷо партофта меравам. Гургон мехўранд... Ин хел духтари якраву гапнодаро ба мо маъқул намешавад. – Маро тар-сонданӣ ва ё ба роҳ андохтанӣ шуд ў.
Ман тарсидам: мабод ки маро дар ин ҷои ношинос ва бекас партофта раванд. Аз дасти ин тоифаи якраву гарданшах ва сарҳую кўчӣ, ки ҳатто ба Худо ҳисобот намедиҳанд, ҳар бало ояд. Хапу хомўшанд. Вале чун ба касе дасти ниёз оранд ё ба ҳавлии касе дароянд, то талабашон ба ҷо наояд, қонеъ нагарданд: берўю риё талаб кунанд: «Хайр бикун. Барои Худо хайр бикун!» Агар касе фармояд: «Кор кунед, чӣ шавад?» Гўянд: «Худоямон моро барои кор наофаридааст. Ризқи моро ба рўи шумо – мардум пошидааст…» Гўштпораро аз дасти ў гирифтам. Ба даҳон андохтанамро медонам, вале чӣ зайл аз гулўям гузашт, бехабар мондам... Онҳо бор бастанд. Аз худ тўдаи хокистар ёдгор монданд. Мерафтанду мерафтанд. Ман аз паси онҳо кашол будам. Холаи Чинӣ партофта рафтани маро фаромўш кард. Маро тарсонданӣ будааст. Вале чӣ шуду чӣ монд, ки чашмам аз Худойқул тарсид. Худам ҳис кардам ин чизро. Чаро? Надонистам. Шояд барои сартоифа ё хеле ҷиддиву бадҷигот буданаш бошад. Ё аз он ки ҷуз Чинӣ ҳама аз ў тарсу ҳарос доштанд. Ба дузду роҳзан менамуд. Ман бештар ба чашмони ў диққат медодам. Гумонам буд, ки ў хоҳ - нохоҳ аз роҳ чизеро занад: ё моли касеро дуздад ва ё ҷоеро ғорат бикунад. Ба назарам, ў ҳамакора: мисли қаҳрамонони қайсари адабчўб нахўрда: ҷояш ояд, одам ҳам кушт. Ў ба ман бадие накардааст, бадаш дидам, акнун ба ў бо шубҳа менигарам. Хуни хўрҷин тарсонд чашми маро. Тарсидам, ки як рўз не, як рўз дуздиаш фош мешавад, буд набуд, маро пурсанд, бояд як ба як ҳамаашро гўям. Ҳангоми сафар ду чашм аз он марди чорпаҳлўи қулангӣ, ки қариб нисфи роҳро банд карда мерафт, намекандам. Дар ҳар қадамаш аз сари ман хаёле мегузашт: «Чаро як марди зўровар ва пурқувват ҳелҳел аз паси харҳо гардаду падари ман барин касони даркорӣ, ки ҳам рўзгорро медид ва ҳам дасту пои пурқуввати колхоз буд, ба ҷанг рафта ин қадар дуру дароз бенишон шавад?..» Ба назарам, ки Худойқули тануманд ба ҷанг равад, душманро мисли гандум дарав карда, аз пой афтонад... Ақлам ба бисёр чизҳо намерасид:
ақлам намедавид, ки одами беҳуқуқ, беватан ҳеҷ чизро ҳимоя карда натавонад, чизи ҳимоя мекардагӣ надорад. Ман чӣ донам, ки онҳо «озод» ҳастанд, ба касе итоат намекунанд ва боз оворагард. Садақа ҷустани онҳоро бисёр дидаам, солҳои охир аз дарҳо ноумед гаштанашонро ҳам дида будам, вале намедонистам, ки онҳо дуздию ғоратгарӣ ҳам мекунанд. Ба назарам, ки онҳо хеле тарсончак бошанд: аз тарси он ки зада нобудашон накунанд, беиҷозат ба чизе даст нарасонанд. Дар хаёлам, ки онҳо ҳама умр дар роҳанд, аз як сари олам даромада, аз он тараф бароянд. Чун моҳ шаб раванду ҳамчу офтоб рўз. Гарданду гарданд: гап шунаванду таҳқир, боке нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё