Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Мақсаду мурод: рўзӣ ҳосил шавад. Лекин вақте ки ба Қабола ном мавзее расидем, дидам, ки онҳо ҳам ҷою манзили муқимӣ доштаанд: берун аз шаҳри Самарқанд, дар як ҷое, ки на ғалла мерўиду на касе ба он замин эътибор медод, чодарҳо зада буданд. Ягон-ягон хонаҳо ҳам буд. Худойқул ҳам аз похса
1 чордевор бино карда буд, ки боғхонаро мемонд. Болои онро харӣ партофта дупўш карда буд. Банд-банд найро пушти бом хобонда буд, то оби борону барф қад-қади найчўбҳо шорида фарояд. Пирон ин хонаю каппаҳоро бонӣ мекарданд. Хонаю каппаҳо дар канори селрав буд. Баъдтар донистам, ки қад-қади селрав гурўҳ-гурўҳ манзил карда будаанд. Ҳамаи онҳо «Худойқул омадааст», гуфта хабар мегирифтанд. Онҳо расидан баробар гардани Худойқулро мегирифтанд. Ман гумон кардам, ки одаташон чунин аст, вале баъдтар донистам, ки ба тухми ҷўгиҳо қирон омадааст. Онҳо ҳам мисли халқҳои дигар қашшоқ ва гурусна буданд. Халқ сер бошад, онҳо ҳам сер мешудаанд...
— Гули бобо, то мурданам ин алам аз дили ман намеравад. Ин алам дар дили ҳама занг зад... Гули бобо, ҳама чиз мегузаштааст.
Кӣ гумон дошт, ки мо рўи нонро серӣ мебинем, кӣ мегуфт, ки нон ин зайл арзон мешавад. Нон хор шуд, гули бобо. Дар рўш мурам, таги по шудани нон хуб нест... Илоҳӣ оқибаташ ба хайр шавад...
Ҳа-а, ҳамин тавр ҷўгӣ шудӣ, гули бобо?
— Ҷўгӣ шудам, бобо... Барои он ки маро касе нашиносад, либоси сағирхонагии маро кашида, ба танам як ҷандаро пўшонданд. Чинӣ чанд рўз чун доя бо ман машғул шуд. Тагу тирезамро пурсид, дилсўзиҳо кард. Дилдорӣ дод. Ба бекасиам хориаш омад.
Коре кард, ки ба ў ром шудам. Аз гапаш берун набаромадам.
Ҷуссаи хурдаки ман ба тақдир тан дод. Намедонам, сипоҳигарӣ буд ё барои дилдорӣ, ў ба ман бештар диққат дод. Садақаҷўӣ, фолбинӣ ва аз мардум ҳар чиз рўёнданро низ ёд дод. Аввалин хизматаш ҳамин буд, ки дар ду рухсорам холи кабуд канд. Чунон кард, ки наздиктарин каси ман шуд. Баъде ки давраи ошноӣ ва ромшавии ман гузашт, занак «акнун ба ман ҳамроҳӣ мекунӣ» гуфт.
Ба ў не гуфтан мумкин набуд. Ў сарбандаки сафеди маро, ки дар хонаи баччагон мўи даққиамро тарошида, баста буданд, гирифт ва як пора куртакўҳнаро ба сарам баста «рафтем» гуфт ва ман аз дунболаш кашол шудам. Чинӣ аввалин хонаҳои деҳаи ба ман ношиносро дида, каме бозистод ва ба сўям рў гардонда «Худо донад-дия» гуфт. Нафаҳмидам, ки ба чӣ ишора дорад. Раҳораҳ ба ў нигоҳ карда мерафтам. Авзоаш дигар шуда буд. Аз афташ, дар дил дарде дошт: вале ба касе намегуфт. Баъде ки ба чандин дар даромада холидаст ва ноумед баромадем, сабаби хафагии ўро пай
- Дорбом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё