Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Раиса, эшони Нур гуфтанд, ки ба духтарам расон худашро эҳтиёт кунад, як хоби лағжонак дидам, – хабар овард Махсуми риш ва ҳушу ёди раисро парешон кард.
Раис шудани Истад қисса дорад: як духтараки хурдакаки паррандасурат аз пайи духтархолааш ба идораҳои савдо омад, ба магазини ў рафта ёрӣ дод, ба тарзи кори ў нигарист, омўхт ва сонӣ илтимос кард, то ба кор монадаш, паҳлўи худ гирад. Апааш аз паи ин кор шуд, ўро ҳамчун шогирд ба магазини худ овард. Он вақтҳо савдо ба ин дараҷа, ки ҳоло ҳаст, карру фар надошт; мардум ба ин дараҷа ба моли дунё дил набаста буданд, пул ҳам фаровон набуд, моли магазин ба дараҷае, ки имрўз ҳаст, касмаёб набуд, касмахар буд, гўшту равған фаровон буд, ҳатто ба қолӣ нигоҳ намекарданд ва якбора мардум пулдор шуданд ва дар магазинҳо чизу чора намонд; харидор зиёд шуд, қадри мол боло гирифт ва ҳама чиз зери пештахтаву дар хонаҳо ҷо шуд, ба дасти савдогар гузашт... Вале дар ҳамон замоне, ки Истад шогирд буд, зиндагии магазинчӣ хуш мегузашт, дар ҳамон вақт ҳам фурўшандаҳо аз сад навадро мезаданд, дар ҳамон вақт ҳам фўкашон чухт буд, дар ҳамон вақт ҳам мардҳо назди занҳои фурўшанда хушомад мезаданд. Истад ёд дорад, ки чӣ мардҳое назди апааш омада «ҷони ширин» гуфта муроҷиат мекарданд ва баъди ин чизҳо ба худи ў мегуфтагӣ шуданд. Аз ҷумла Калонхон ўро дар магазин дида хуш кард ва аз паси ў овезон шуда, ба занӣ гарифт... Раиси райпо нав шуд, ба хонаи апаи Истад меҳмонӣ меомад; ў, ки вилоятӣ буд ва ҳоло дар район каси наздик надошт, гоҳ-гоҳе ба хонаи апаи Истад қурутобхўрӣ меомад ва Сокина ҷавонзани бешавҳари зебо, беҳтарин либос пўшида мўйи дарозашро гирди тоқии зардўзӣ, ки он вақтҳо аҳён-аҳён арўсон мепўшиданд ва зардўзон ҳам кам буданд, печонида, соидҳои сафеду фарбеҳашро намоиш дода, ба раис хидмат мекард ва ҳамон вақт Истадро дида пурсида буд: «Ин духтар кист?» «Хоҳарам». «Калон шавад, худат барин мешавад»
гуфа буд он вақт раис ва баъд ба ў фармуд, ки дар магазин не, дар идора бояд кор кунад. Истад ба идора омад, аммо барои вазифа гирифтан бисёр чизҳо намерасид. «Ҳамааш мешавад, фақат сабр карда тавонистан лозим».
— Шумо ҳар чӣ гўед, раис.
— Хондан лозим.
Ва Истад хондан рафт: раис Искандар Қувватов дар мошинаш шинонда хондан бурд, бо ким-кадом муаллимоне шинос кард, имтиҳон супоронд, хулоса, ба мактаби панҷсола дохил кунонд ва акнун мебурду меовард ва худаш вақт наёбад, шофёраш мебурду меовард ва Истад гумон мекард, ки раис ин хидматҳоро ба хотири духтархолааш – апаи Сокина мекунад. «Ту ба Сокина монанд мешавӣ, Истад» ба мўйи сиёҳу майдабофти ў даст зада гуфт раис.
«Авлод-дия» ба ишораи раис он қадар сарфаҳм нарафта гуфт Истад ва раис ин дафъа як милаи майдабофти ўро ба гирди сарангушташ печонд ва андаке ҷониби худ кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо