Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Истад сар хам карду сар нафаровард: «Оҳ, дард кард!» раис садои ўро хуш напазируфт, ба назари ў Истад набояд чунин садо мебаровард, бояд чизе нагуфта мисли барраи ром, баробари ресмонро кашидан худро ба мардак ҷавс мекард ва барои хидматҳои беназираш он чӣ дар дил ғун карда буд, мегуфт, аммо раис чашмдошт набуд:
— Шавҳарам ба хондани ман розӣ нест, раис.
— Чӣ хел розӣ нест? Вай магар феодал аст?
— Не, феодал не, раиси колхоз...
— Раиси колхозиаш ба худаш, чорта қоқи ўро кӣ надорад?...
Не-не! Ман инро ҳамту намемонам! Ту бояд хонӣ! Ту бояд одами калон шавӣ... Ва он гаҳ, ва он гаҳ ба ман раҳмат гўӣ!
— Ҳоло ҳам ба шумо ҳазор раҳмат, раис... Ин хидматҳои шуморо Сокина-апам фаҳмида, аз ман сахт хафа шуданд.
— Сокина-апат чӣ хел хафа мешудай? О вай барои чӣ хафа мешудай? Хубие ки ман ба ў кардам, ба касе накардаам...
— Барои ҳамин... ки хубӣ кардеду якбора рў тофтед...
— Ман мехоҳам барои ту хубӣ кунам, туро ба мартабаҳо расонам. Инсон бояд баъди сараш аз худ чизе боқӣ гузорад, ақаллан як шогирд. Ту ҳоло кўдакӣ, ба ин чизҳо сарфаҳм намеравӣ... Медонӣ олимони бузург чӣ қадар шогирдон доранд? Дар Маскову Ленинграду... истода чӣ қадар фарзандони Осиёи Миёнаро ба шогирдӣ, мегиранд? Ман садҳо ин хел шогирдонро медонам, даҳҳо занҳоро медонам, ки номзади илм шудаанд, ман дар хонаи худат некӣ кунам, гўям, ноз мекунӣ...
— Ман ноз накардаам, Искандар Қувватович...
— Ана, ана дидӣ, гапзаниро ёд гирифтӣ, ин нишонаи тарбият,
– даст ёзида сари ўро каме хам карда, аз тори сараш бўсид.
— Не, намешавад, Искандар Қувватович, ҳам апаам хафа ва ҳам шавҳарам...
— Мешавад, мешавад. – Ин дафъа даст ба гардани ў андохта ҳукм барин гуфт раис. – Апаат ҳақашро гирифт, лекин ба шавҳарат гўй, ки назди ман дарояд, худам мефаҳмонам... Ту ҳоло кўдак ҳастӣ, ин чизҳоро намефаҳмӣ, ҳамон вақт, ки фаҳмидӣ, раҳмат мегўӣ... Шавҳаратро фиристон, шояд ў фаҳмад...
... Дари идораи раис кушода шуд ва раис ҷавони болобаланди чеҳракушодро дид, шиноси дерин барин ҷониби ў хандида «Мумкин, раис?» гуфт. Раис ба зудӣ ҷавоб надода, ба ў хеле зеҳн монд.
Нашинохт. Одатан дар чунин соатҳо назди калонҳо танҳо коргарони ба дил наздик ва одамони хоса дароянд, зеро вақти корӣ кайҳо тамом шуда, дар чунин соатҳо роҳбарони идораҳо мешинанд, ки аз куҷо чӣ хабар расад, боз роҳбарони боло чӣ фармоянд, кадом каси далобхўр дар ин соат «визнос» меорад, аммо чунин ҷавони ношиносу нохонда ин хел дар кушоданаш аҷиб аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо