Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бурдам. То ин дам фикр мекардам, ки ҷўгиён ору номус надоранд:
аз талабидану таънаву маломат шунидан хафа намешаванд. Онҳоро ҳақорат кунанд ҳам, парво надоранд, зеро аз сад дар ронанд, ба дари як саду якум сар мехалонанд. Чунки чунин дастур мегирифтанд: Сарвару раҳнамояшон Худойқул мегуфту мефаҳмонд: Чинӣ такрору таҳдид мекард: пештар аз инҳо ҳам ба гўшашон хонда буданд, ба чашмашон нишон дода буданд: ҳар гуфтору рафтор мисли ғазал аз ёд шуда буд. Худойқул ҳар гоҳ ба Ҷўгихонаи Самарқанд рафта аз доҳияшон дастуру раҳнамо меовард ва айнан чун ҳодӣ дастаро ҷамъ карда ба гўшашон мехонд, ба чашмашон менамуд: ҳар бегоҳ ҳисобот мегирифт ва мефаҳмонд, ки фардо чӣ бояд кард… Вале он рўз Чинӣ дари саду якумро ёфта натавонист.
Хафа шуд. Махсусан аз хонаҳое, ки «Худамон нон хоб мебинем!»
гуфта иллат мекарданд, ранҷида бармегашт. Гарчӣ ранҷидан хоси онҳо набуд. Аз дар ронанд, аз дарича бояд дароянд. Ба дарҳое, ки садои «нон» гўён фарёд задани тифлонро мешунид, намедаромад.
Чинӣ, ниҳоят, дар баъзе хонаҳо, ки донад аз он ҷо чизе мерўяд, ба гуфтор ва таваллою зорӣ медаромад: зорӣ мекард, ки чизе барояш диҳанд, то кўдаконаш нобуд нашаванд. Ў дарду балои баччаҳои соҳибхонаро мегирифт: пеши пояшон мемурд: номи гузаштагони хонадонро гирифта имон металабид: зеро ў он қадар аз ин дарҳо даробаро кардааст, ки остонааш охурча шудааст. Ном ба ном мешинохт гузаштаву ҳозираро ва ба номашон сад бор садқа мешуд… Чинӣ он қадар худро хор мекард, ки ман беихтиёр мегиристам. Баъд соҳибхонаҳо ба ман нигоҳ карда раҳмашон меомад.
«Ин духтарат?» мепурсиданд. Чинӣ гўё садақа надиҳанд, ҳангаш рафта, мемурда бошад, овоз набароварда, базўр сар меҷунбонд:
«ҳа». Ман ҷўгидухтар шудам, духтари Чинӣ шудам...
Занак ба дастархон нигарист, булкаро бардошта каме дошта истод ва баъд гўё ки ҳамаи гапашро дар ҳақки нон гуфта бошад, оҳиста булкаро ба пешониву лаб оварда бўсид ва бозгузошт. Сонӣ бо теғи чашм ба муйсафед нигарист, то чӣ гўяд. Пирамард сархам буд. Сари ларзонаш қарор гирифта буд. Чунин намуд, ки хоб рафтааст. Занак барои он ки ба ў халал нарасонад, андаке ҷунбида, бархост, пирамард сар ҷунбонда оҳи бадарде кашид. «Ҳа-а, ин фалак ба мисли зани ғар... Талабгоронро ба бозӣ андозад…
Бубахш, гули бобо, ки аламатро тоза кардам, ман надонистам...
Хафа нашав. Хоб кун. Монда ҳам шудӣ».
Пирамард бархост. Гўё ки шабона чашмаш хуб намедида бошад, асояшро пеш андохта, оҳиста-оҳиста қадам зада рафт.
Занак рахти хоб тахт накарда, рўи кўрпача паҳлў зад ва пойҳо зери домон карда пинак рафт. Ў ба худ муносиб надид, ки аз хона кўрпа бароварда, ҷогаҳи дуруст андохта, бароҳат хоб равад. Андешид, ки пирамард барои ўро танҳо гузошта рафтанаш дилғаш, ҳамин замон баргашта ояд. Дер шуд, пирамард барнагашт, ҳатто аз сари девор ҳам напурсид, ки аҳволи занак чун аст.

пешина
аз 429
навбатӣ