Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба ҳеҷ чиз – сухан, ҷумла, байт, ғазал, қасида онро ифода карда натавонад; рў канад ҳам, мў канад ҳам, гиребон дарад ҳам...
Ва пиразан ба хулосае наомада, «Жигули»-и сурх боз омад. Боз онҳо аз мошин фуромада, ба хона рафтани ўро хоҳиш карданд, аммо пиразан сар ҷунбонд, чунон сар ҷунбонд, ки сад сухан пеши он як пул буд. Истаду Сокина аз мошин шолча бароварданд, кўрпача бароварданд, рўи замин густурда, модаршўро хоҳиш карданд, то рўйи он нишинад. Пиразан рад накард; кафшро гирифта андаке канортар гузошт ва тавре ки нишаста буд, лағжида тори кўрпача омад. Чунин ташвиши онҳоро қадр накарда наметавонист. Боз аз мошин дастархону термоси чой оварданд, пиёла ва дар табақе манту, ки пухтаи ошхона буд. Пиразан чой гирифту як буридаи нон, аммо манту нахўрд.
— Оча, шумо гумон накунед, ки ба Калонхон ягон гап шудаасту мо аз шумо пинҳон медорем... Мазорои бобом зананд, ки Калонхон дуруст аст. Дар миён ягон гапу калоча ҳам нагузаштааст. Ман Сунбулро фиристодам, ки дадатро аз кўча фарёд карда биё... Ин тохта омад, ки дадам рўи замин хобай. Баромадам, ки ҳамон ҷўраи бадмасташ дар наздаш... Бадмаст мегўяд, ки коре нашудааст, омадани Сунбулро диду ҳамин хел шуд... Шудагӣ кор ҳамин... Калонхон нағз, духтурон ҳама чораро мебинанд, ки пагоҳ-фардо барояд... Лекин дар ин ҷо нишастани мо хуб нест, ҳар кас ҳар хел гумон мекунад...
— Рост мегўӣ, шумо равед, ман меистам, маро касе намешиносад...
Пиразан гўё ба маслиҳату сўҳбат хотима гузошт. Истаду Сокина ба ҳамдигар нигоҳ карданд ва Сунбул рафта ба мошин нишаст онҳо низ рафтанд. Пиразан ба рўйи кўрпачаи густурда дароз накашид, балки зону оғўш карда, сар ба сари зону ниҳода, сукут варзид ва муддати дароз сангсурат, ноҷунбон нишастанро дарёфт, ки ин манзил мисли деҳаи кўҳистони ў орому осуда нест; дар ин ғояти шаб ҳама ҷо ором мешавад, аҳён-аҳён садои рўдро шаббода меорад, аз сари мурғончаҳо хурўсон бонги аввал мезананд, кадом хари бадхоб ҳанг мезанад, аз гўшаи дигари деҳа хари дигар ҷавоб мегардонад ва боз деҳа хомўш мешавад, аммо дар ин ҷо ин хел нест. Садои мошинҳо, гашту гузори одамон, тарақотуруқи кадом крани баланди чароғдор, талвосаи беморону ташвиши духтурон оромӣ надорад ва худи мошинҳои ба дари беморхона омадаву рафта осуда нагузоранд. Ҳар қадар омада раванд ҳам, пиразан сар боло карда, аз онҳо хабар наёбад. «Онҳоро чӣ корест ба ман?»
Сукут варзад ва хаёл кунад, ки Калонхон чунин ҳолати ўро аз тиреза дида, раҳмаш меояд, хориҳову азобҳои модарро бори дигар аз лавҳи хотир мегузаронад, ба «мумкин не»-и духтурон нигоҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо