Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

накарда, монанди аввалин ҳаракатҳои дар рўи замин кардааш
– чорғоб, заминро дасту по зада, хоколуд гашта, фўку бинӣ ба замин соида, ҷониби ў меояд, дар тани ў даст монда, қомат рост мекунад ва модар сар бардошта, чашм кушода, тифли ширхораро мебинад, хоки сару рўи ўро тоза карда, ба оғўш мекашад, пистон ба даҳон мегузорад, панҷа ба мўйҳои нарму камқуввати ў мезанад, сари ўро сила мекунаду сила ва тифл пеши чашмонаш калон мешавад: дандон ковок мекунад, пой мебарорад, ҳарфу лафз меомўзад, қад мекашад, ҷавонмард мешавад, мард мешавад ва модарро аз замин мебардорад: «Хез, оча, ба кўҳистон меравем... аз мағалу чангу ғубори ин ҷо дилам гирифтааст, хез, оча, бихез!» Сар аз сари зону бардошт ў, ки шояд хаёлаш рост бошад ва дид, ки аз ҷониби офтоббаро сапеда медамад. «Наход ки ман ин қадар дуру дароз хобида бошам?» Ҳол он ки ў ғанаб накардааст, таҳти фикру андешаҳо, хаёли гузаштаву имрўза, орзуи дидори сиҳатии писар шаби кўтоҳи тобистонро дарозтар аз шаби ялдо гардонд; хобро қурбони хотираҳо кард, аммо гумон дошт, ки хобидааст. Пиразан сўи тирезаҳои торики бино чашм дўхт ва даст ёзида кафшашро пайдо кардан хост, ки хеста гирди бино мегардад ва ба тирезаҳо менигарад, то Калонхони саҳархезашро бинад. Вале модар намедонад, ки ба тирезаҳои ошёни аввал ҳам қадаш намерасад, то нигоҳ кунад. Паси хона гузашт ў, гумонаш буд, ки даст ба пешонӣ лапар карда ба хонаҳои торик менигарад, ки Калонхон аз он тараф дида, худро ба назди тиреза андохта тирезаро мекушояд ва очаҷонам омадааст, гуфта, аз тиреза берун мепарад, то модар сару рўи ўро бўсад ва паси гарданашро бўсад, ки ҳамин хел бўсидаву бўида калон кардааст... Аммо қади модар ба ягон тиреза нарасид, агар вақтҳои қоматаш рост будан ин хел тирезаҳо пеш меомад, болои баландашро ёзонда, бо дастони бақувват аз чизе дошта ва боз гардан дароз карда, ба дарун нигоҳ мекард, вале афсўс, ки рўзгор ҳама чизи ато кардаашро кам-кам аз ў меситонад ва ҳоло мадори ба тиреза сар боло кардан надорад. «Калонхон!» хитоб кард ў, садояш паст, гўё барои дигаронро безобита накардан ин хел оҳиста садо карда бошад. Дар асл ҳама овозаш ҳамин аст; мадораш ба ҳамин расид. Гумонаш, ки Калонхон садои пасти ўро мешинохта бошад; садои ошнои ўро, ки ҳатто аз сурфа, аз атса, аз нолааш ҳам мешиносад – садоеро, ки ба садои худаш хеле монанд аст:
«Калонхон!» Аммо ҷавобе намеояд ва ў ду-се қадам пас рафта, ба тирезаи тира зеҳн мемонад, каф ба пешонӣ лапар карда менигарад, ки ақаллан сояи ўро дар пушти шиша бинад. Сояаш бошад ҳам кифоя. Модар дар сапедадам бо ҳамин чашмони хира паси шиша ҳам сояи Калонхонро мешиносад. «Калонхон! Писарам!» Аммо касе ҷавоб намедиҳад. Ба назари пиразан рўз шуда, касе аз хоб намехезад, лекин ба назари ў ҳаво тира гашта аз нав чодари фалак сиёҳтар гашт; субҳи козиб – субҳи фиребо ўро нороҳат кардааст.

пешина
аз 429
навбатӣ