Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Хайр, бовар накунӣ, ихтиёрат... Ҳоло вақти ханда не...
Гўё рафтори пиразан ба иззати нафси Истад расид, худро ғамӣ гирифт, ба пеши пояш нигоҳ карда, канортар рафт, кўрпачаро бардошта афшонд, худро сахт андўҳгин вонамуда амонат нишаст.
Хаёл мекард... Он тараф модар такя ба чанор зада, даст ба пешонӣ лапар карда, сўи тиреза менигарист, ки Калонхонашро бинад.
Даст аз пешонӣ гирифту ба ишора гузашт: «Биё, фуро биё!» Аз он тараф на садое буду на имое…
Ў пиразанро рўйи кат нишонд ва хост, ки ҳамсояҳоро даъват кунад назди очаи Калонхон. Модар қабул накард: «Ба дилам намеғунҷад». Истад дастархон кушод, чою нон овард, аммо пиразан даст дароз накард; иштиҳо надорад.
— Медонистум, баччаи ҳамсояро мегуфтум, омада мебурд...
Пули нафақаро гирифта будум, медодум.
— Рафтанӣ бошӣ, худам мебарам...
— Рафтаниюм... Яке ягон кору ҳол шавад, аз кӣ мефаҳмум?
— Ягон кору ҳол намешавад, Калонхон нағз...
Модар бовар кард; бовар кард, ки дар паси тиреза Калонхонро дид, бовар кард, ки Калонхон нағз мешавад. Рафт. Истад боз танҳо монд. Ба Махсуми риш телефон кард, ки рафта аз назди беморхона шолчаю кўрпачаҳоро бардошта орад, худаш ба кор рафт, мисли ҳаррўза олуфта не, балки оддӣ пўшида буд ва раҳораҳ андеша мекард, ки шавҳар хар бошад ҳам, бояд бошад, вале чун ба идора расиду боз ба назди раис тез-тез даромад, боз гўшаш дар телефону як пояш дар база шуд, ҳама чизро аз ёд баровард. «Ман базаро ба ихтиёрат додам, Истад... Лекин содагиатро парто. Аз саҳар то шом ҳазор кас назди ман медарояд, ба кадоми он диққат медиҳӣ?» Истад гўё дар як муддати кўтоҳ бисёр чизро фаҳмид:
андешаҳои бебуну тахминӣ ва ё фарзияҳо душмани ҷон будааст.
Минбаъд ў ба чизе эътибор намедиҳад, мудом хандида, вақташро хуш карда мегардад. «Чаро беваи пир аз хонаи ман ҳазар кард?»
Модаршўро дар назар дошт ў. Ҳамин андеша як гўшаи равшани дили ўро соя афканд; мувофиқи хоҳишу фаҳмиш набояд ба чизе аҳамият медод...
Калонхон ҳам сиҳат шуда баромад, хонабони хуб; ҳоло иҷозати ба кор баромадан нест, хона шинад. «Дигар дар кўча арақ намехўрӣ, Калонхон, арақ лозим бошад, ман тонна-тонна меорам ва бо кӣ хўрданатро мегўям» гуфт Истад ва баъди чанд рўз, ба шодмонии шифо ёфтани Калонхон меҳмон даъват кард: раис, Сокина ва прокурор. Прокурор ҷавонмарди қоматбаланди дар назари аввал сахт ҷиддӣ. Чун наздиктар шинос шудӣ, мисли ҳама мардони хушсухан ба зан хушомад зада тавонад, одобу муомиларо риоя кунад, мисли раиси бинидароз даҳонаш бефаровез не. Ба Истад гоҳ-гоҳ нигарад прокурор, чашмони Истад ҷониби ў бозӣ кунанд, аз буни гардани шавҳар ба ў нигарад, баробари аз дар даромадан нигарад, вакти табақ мондану коса гирифтан нигарад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо