Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Пиразан андаке нарм шуд, таскин ёфт, аммо бовар накард, ки рост мегуфта бошад.
— Фиреб намекунӣ?
— Чӣ хел фиреб? – ҳайрон шуд Истад, модаршў дам ба дарун гирифт.
... Сардухтур иҷозат надод, ки Калонхонро бинанд. «Мумкин не, дар беморхона касалиҳои сироятӣ зиёд, парҳез». Ин чизро бо гуфтан ба модар фаҳмонида нашавад, ҳарчанд қиёфаи ў бо гуфтаҳои онҳо ҳамовозӣ дорад, таги дилаш бовар надорад, ки рост гўянд. «Калонхон духтари ман хостаро нагирифт, муҳаббат гуфт, ҳолиё муҳаббатро тамошо дорад. Дар байни сад дурўғ як рост нагўяд ин зан».
— Шумо фанд кунед, ҳамаатон якзабона, ба Калонхон ягон чиз шудааст... Ақаллан аз тиреза нишон диҳед, ман бинам.
— Мумкин не, оча, ду-се рўз ҷунбиданаш мумкин не... худаш нағзу барои эҳтиёт наҷунбад, канда нашавад, мегўянд.
Беҳтар буд, ки Истад «канда шуданро» намегуфт, одамони кўҳна маънии ин калимаро донанд; донанд, ки чӣ дард канда шавад. Ранги рўи модар канд ва ба маънии «дареғ» сар ҷунбонд.
«Сахт будааст дардаш... шояд... лекин ба ман нагўянд».
— Ягон чиз мехўрад? – маънӣ кашиданӣ шуд модар.
— Мехўрад, оча... шаб мурғшўрбо овардам, саҳар шир...
— Ба ҳама гапат бовар кунам, ҳар чӣ гўӣ, розӣ шавам, лекин як бор бинам.
Истад андаке андешаманд шуд ва сархам ба беморхона даромад ва дер омад.
— Ман дидам, оча...
— Дидӣ?
— Дидам, нағзай. Ҳоло назди тиреза ояд, ту ҳам бинӣ... Ҳў-ўў ба тирезаи ошёнаи сеюм нигоҳ...
— Аз он тараф гуфта будӣ-ку?
— Аз он тарафу барои худат шуда, аз ин тараф ояд.
— Ҷонам садқаш.
— Ана, бубин!
— Наметова-ку? Чашмонам хира шудаанд?
— Ана дидӣ, механдад.
— Механда? Дандонош метова? Лекин ман набинам. Ку оча, бигўяд... Не-е, вай Калонхон не, Калонхон баландай, сараш ба тор расад, вай чияй аз тиреза сараш базўр метова. Не, вай Калонхон нестай.
— Ҳурмати Худо, Калонхонай, оча. Ана даст бардошта сўят салом мегўяд.
— Наход чашмам то ҳамин дараҷа хира шуда бошад, ки писари худамро нашиносам? Не, вай не. Калонхон мешуд, садои хандааш меомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо