Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

задан лозим набуд; дар назди раис аз номардӣ даҳон қушодан
– номардист.
— Ҳоли вай чӣ хел буд, раис? – қасдан инони суханро дигар сў тофт прокурор.
— Кадом? – ҳарфи прокурорро ду кардани раис мумкин не.
— Ҳў-ў вай!
— Вай кўҳна шуд, мўҳтарам прокурор, шў додем...
Сонӣ прокурор хоҳиш кард, ки раис дар диван шинад, монда шудааст. Ҳамин тавр шуд ва баъди андаке вақт хоби раис бурд ва минбаъд зуд-зуд ба ин хонадон омада, дар ин диван хоб мерафтагӣ шуд...
— Аз чунин дўстон пайдо кардан хурсанд ҳастӣ, Калонхон?
— Чаро хурсанд набошам, Истад? Ту хурсанд бошӣ, ман – хурсанд.
Истад на танҳо хурсанд, балки хуррам аст; аз ҳама чиз шод, аз баъзе касон миннатдор; Махсуми ришро зуд-зуд даъват карда, мегўяд, ки ба эшони Нур сипосу таманнои ўро расонад; боз тўмор мефармояд, аммо исрор намекунад, ки дар ноомади кор тўморҳои додаи эшонро ба об афканд; махсусан гоҳи ба номзадии партия тавсия кардан. Чанд муддат гузашт, узви партия гашт, бо кўмаки раис маълумоти олӣ ҳам гирифт, ҷонишин ҳам шуд, акнун наметарсад, боз ду тўмори фармудаи эшони Нур миёни ду синаи ўст. Рўзҳои аввал билети партиявӣ ҳам катори тўморҳо буд, аммо баъдтар билети партиявӣ дар сандуқи фўлодӣ меистоду тўморҳо миёни синаҳои ў. Истад вақте онҳоро аз он ҷо мегирад, ки синабандакашро кушояд.
— Калонхон, ба ту ҳам тўмор гирам?
— Не, дер шуд, Истад, акнун ба ман қабристон мефорад.
Ў баъзан ба хаёл меравад, ки чаро Калонхон ин хел мегўяд, чаро ин қадар худро афтода мегирад, дунёбезор, ҳол он ки аз чизе камбудӣ надорад; хуб мепўшад, занҳо нигоҳаш мекунанд; ба рағми Истад мулоқот таъйин мефармоянд… дар ҷойи кор наменўшад, нўшида кўча намебарояд; Истад мошин гирифта дод, дар курси шофёрӣ мехонад, ҳуҷҷати ронандагӣ нагирифта бошад ҳам, мошин меронад, баъзан нўшида сари фармон мешинад ва ҳама милисаҳои район медонанд, ки ў шавҳари Истад аст. Аз хўрданиву пўшиданӣ камӣ надорад, кисааш пури пул, Истад беҳтарин путёвкаҳоро пайдо карда ўро ба курортҳо мефиристад, гўё ҳеҷ камие надорад.
Ба назари Истад шў аз зиндагӣ розӣ, аммо вақте ки Калонхон мошинро ронда ба Гелосзор рафта, андаке рўйи сабза нишаста, хуб мегиряд ва дилашро холӣ карда, аз тамошои сабзаву гирдоби рўд сер шуда «охирин манзили зиндагиам мешавӣ» мегўяд, об сахттар ба соҳили сангӣ бармехўрад ва андаке боло ҷаҳида мисли мадди баҳр боз ҷазр мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо