Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Қабристон ба дигарон форад, Калонхон, замони кайфу сафоямон омада.
— Ту кайфу сафо бикун, Истад, ба ту мезебад...
Ва Истад ин ҳарфи шавҳарро ҳамчун рухсатнома донист ва ҳар чӣ дилаш хост, он мекард. Ҷамъияти матлуботро аз они худ донист, амборҳои барқади канори рўд аз они худаш буданд, бе рухсати ў як куртаи «Мадам Д» ё палтои белгӣ ё мўза, ҳатто алмоси риштарошӣ аз амбор бурун намерафт; беҳтарин моли амбор насиби прокурор буд. «Мудири амбори матоъҳои япониро чаққа нашав» ҳамин кадар гуфт раис ва гўё ба дигараш рухсат дод ва Истад ба хаёл рафт, ки раис моли бозоргирро медонад, бозори Фарғонаву Самарқанду Пахтаободу Регарро ҳамин матои оинатоб гирдоб гардондааст. Раис бало, ба назар ҳеҷ чизро фарқ намекунад, лекин корашро медонад. «Ҳамаашро гирад, ихтиёри молҳои баҳошикастаро диҳад бас». Мудири мағозаи молҳои баҳошикаста Рамазон марди миёнақади уволак метобад, ки дар назди роҳбарон мисли сангпушт гардан миёни шонаҳо кашад ва моҳе ду бор назди Истад ояд, агар дар назди Истад касе набошад, даромада, даст дода салом кунад ва баъди салом Истад даст ба киса андозад ё ғалладони мизро кушояд, сонӣ сўҳбат ороянд, ки кадом мол бозоргир аст ва ин дафъа нархи кадом молро шикаста, ба магазини ў диҳад ва ин кор ба зиммаи кадом молшинос ё ҳисобчӣ ё муфаттиши дохилӣ гузошта шудааст; агар вақти дарро кушодани Рамазон назди Истад одам бошад, «Ойтимулло, баъд медароям» мегўяд Рамазон ва оҳиста дарро мепўшад, аммо Истад тоқат накарда, тозон аз паси ў барояд, ки Рамазон даст дар киса дами дар бошад. Даст аз киса бароварда вохўрӣ кунад ва Истад даст ба киса барад, чунон ки ин саҳнаро аз хурдӣ машқ карда бошанд.
— Корҳоятон чӣ хел, раис?
— Нағз... Ба наздикӣ ту одами калон мешудагӣ барин?
— Магар маро ба ягон ҷойи дур гузарониданӣ ҳастанд?
— Дур не, баръакс наздиктар, – курсии худро нишон дода мегўяд раис.
Меарзад. Истад ба ин кор дербоз тайёрӣ медид; ҳама ишкелҳои савдои районро донад, ба вилояту республика ҳам ҳалқа давонда; махсусан бо амбору мудирони он чӣ кор карданро донад ва донад, ки кадом мудир ба кӣ вобаста аст ва кадом рўз назди кӣ биёяд ва боз он касон болотар назди кӣ раванд. Ҳолиё дарк кунад, ки деги калон чун бошад ва дар он чӣ касон ҷўшида, пазад. Агар деги калон пури об бошад, онро ҷўшондан ҳоҷат надорад, зеро бо чунин об танҳо мурда шўянд. Зери деги калон вақте оташ афрўхтан шоиста аст, ки тамоми масолеҳи амборҳо дар он ғунҷида бошад.
— Ту ба ман кушодану пўшидани чархи мошинро ёд деҳ, Калонхон.
— Барои чӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо