Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сагро ҷавоб гардонданӣ шуд. Ҳайвон қасди одамро фаҳмид, ки ин бор дандон инҷ накарда, хомўш истод. Чун мардак калтакро бардошт, саг пушти маслух гузашт. Вале дур нарафт.
Маълум, ки луқмаро, ин насибаро на фақат ба сагҳо, балки ба ягон кас ва ҳатто соҳибаш ояд ҳам, барнагардонад. Мардак бори дигар асо андохт. Ин бор низ ба саг нарасид. Саг ду пои пеш тори қабурғаҳои маслух гузошта ду бор «аф-аф» кард: то ки зарби калтаки мардакро нахўрад, худро пас кашид. Худойқул далертар шуда боз калтак андохт. Чун саг аз зарба амон ёфта буд, якбора аз болои маслух ҷаҳида бо пештанааш мардакро зад. Худойқул як калавид, худро дошта, кашидаю кушода уреб калтак ронд. Ин дафъа садои калтак шунида шуд ва фиғони саг баромад. Сипас дасти чапашро бардошта ланг-лангон гурехт ва чандон дур нарафта бозистод. Баргашта ба мардак нигарист, сўи душмани рўзиву ҷонӣ ғуррид. Саг дасти шикаста кашол дошта ак зад. Баробари зўр зада садо баровардан дарди ҷонгудозро дарк кард ва иринҷ зада дасти муаллақ лесид. Лек ниқорро фаромўш накарда буд.
Даст мелесиду ба одам менигарист, аммо дур рафтанӣ набуд. Дасти сиҳат бо силтав бардошта пеш гузошт ва ҷаҳида ба лоша наздик шуд. Сагони дигар магар ба ў ёр шуданд ё гуруснагиашон ғолиб омад, ки пеш омаданд. Ба назари Худойқул лашкари пароканда муттаҳид гашта сўи қаҳрамони пирўз гом зад. Ў ҳаросид ва асоро сахт дошт: «Ҳа-а-а-дд!» асо гирди сар гардонда бо сиёсат таҳдид кард сагонро. Чун онҳо зўри кифоя ва мадори кироӣ надоштанд, пои шикастаи Зардро ибрат дониста пас нишастанд. Аммо аз мағзи Худойқул дигар чиз гузашт: «Гушна ба шер задааст». Зард пас нагашт. Дар чашмонаш на ситезу ниқор, балки ҳасрату ашк ва зориву тавалло ҳувайдо буд: «Моли ман аст. Инсоф бикун».
Гарданаш каҷ шуд. Дилшикаста ва ятимона нигоҳ мекард. Аммо Худойқул ба бойҳои давраи қадим монанд буд, то барои чунин якравиҳо ятимро сахттар ҷазо диҳанд. Мардак пеш омада сагро дуртар гурезонд. Ин бор саг инг-инг карда, дуртар гурехт, вале аз боғ набаромад.
Худойқул ҳам дарди пояшро ҳис кард: «Ту газидӣ, ман шикастам. Баробарӣ». Вай худро ғолиб дида ва аз ҳама тараф хотирҷамъ гашта ба пой диққат дод. Пойэзори кўҳнааш хунӣ гашта, ба рўи пои бараҳнаи қарқинаш хун ях баста буд. Вале ин ҳама аҳамияте надошт: на пои хуншораш, на пои шикастаи саг ва на ҳаром будани гўшти асп. Ў медонист, ки ин гўшти ҳаром онҳоро аз гуруснагӣ ва марг наҷот хоҳад дод. Мардак бори дигар ба атроф нигоҳ кард: аз касе ҳарос доштагӣ барин: шояд аз соҳиби асп, шояд аз соҳиби саг? Шояд аз мардум, ки пагоҳ «Худойқули ҳаромхўр» гуфта дар ҳама ҷо овоза кунанд. Ў ба сад андешаю хаёл хам шуда, аз пои маслух дошта, кашид. Ҷунбонда натавонист.
Аз ҳарорати зери пўст барф об шуда ва баъд ях баста будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё