Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худойқул аз таги лоша асо андохта, зўр зада онро аз барф ҷудо кард ва баъд вазза гирифт. То рахнаи боғ бурд. Бар асари пайи маслух як нақши сурхи хунӣ боқӣ монд. Сагҳои нокому номурод, ки канор рафта, кирдори Худойқулу саги зардро тамошо доштанд, дур рафтани мардакро дида, ба пайҷои маслух омаданд ва хеле вақт хунро бўй кашида ва аз бўи он масъуд нашуда, пай гирифта аз паси маслух кашол гаштанд. Чун Худойқул зўр зада бо азобе маслухро аз рахна гузаронд, саги зарди дар боғи паҳлў монда аз пас бад-бад нигарист ва дарду алам фаромўш карда, нақши хуниро пай гирифта, лангон равон шуд. Худойқул одам буданашро ёд овард ва аз ғилоф корд кашида, тунукии шиками аспро бурида сўи саги зард партофт. Саги зард дилгазон шуда буд, ки аввал ҳаросид ва баъд онро бўй кашида, бепарво гузаро шуда рафт.
Сериаш маълум буд. Вале сагҳои дигар, ки аз паси он меомаданд, он пораро талошак карданд.
Худойқул маслухро аз рахнаи боғи манзил гирифтаашон даровард, сагҳо ҳоло ҳам аз паси лоша бўй гирифта мерафтанд...

2

Чинӣ чанд рўз ба Худойқул чизе гуфта натавонист. Баъд вақте ки ҳар ду танҳо монданд, ончунон бо ҳасрат ба шавҳар нигарист, ки санг об мешуд. Худойқул маънии нигоҳи ўро дарк кард ва ҳамчуноне ки Чинӣ ба ў нигоҳ карда буд, ба ў зеҳн монд. Сипас тасалло доданӣ шуда гуфт:
— Хафа нашав, мегузарад. Халқ, ки тинҷ шуд, мо ҳам осуда мегардем. Халқ сер бошад, мо сер, гушна бошад, гушна. Ризқи мо дар рўи мардум... Кори Худо: худаш ризқамонро дар рўи мардум пошид, акнун тамошо мекунад, ки чӣ зайл донакобӣ карда ёфта наметавонем...
Ин гапҳо Чиниро нав набуд, аз ин рў лом нагуфта истод. Вале Худойқул тоқат наоварда берун баромад. Ў кайҳо баромаданӣ буд ва ҳатто ҳамон рўзе ки маслухро оварда буд, бор бастанӣ буд, вале аз қаҳратун тарсид. Тарсид, ки дар ин фасли барои сафар нобоб ҷои бобе наёфта, ҳама дар сармо қир мешаванд.
Ва деҳа бегап намонд. Дере нагузашта ҳаромхўрии ҷўгиён овоза шуд, ҳама ба онҳо дигар хел нигоҳ мекардагӣ шуданд...
Чун Чинӣ аз дарҳо берўзӣ баргашт, ба Худойқул мечаспид. Баъд ў пурғазаб гашта он чӣ дар забонаш меомад, мегуфт: «Ба ман чӣ мечаспанд? Ман ба душмани онҳо гуфтам, ки ҷанг кун? Ман гуфтам, ки ҳамаро аз гушнагӣ куш? А, ман гуфтам? Худашон кўр нестанд, мебинанд, ки ман дар ин ҷо гуноҳ надорам... Саг нею мо хўрдем. Чӣ шуд? Ба ман часпиданашон аҳмақӣ нест?»
— Худойқул, ту бадқаҳр нашав, тоҷикҳо ҳозир хеле хафа, алағда шудагӣ. Якта-нимта мардони нимҷон ҳам ба ҷанг рафтаанд ва ҳар рўз хабари мурдаашон меояд.

пешина
аз 429
навбатӣ