Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Гапи задан-нозаданашонро ҳам намедонанд. Маргашоп дар ҳамин ҷо ҳам кам нест, варам карда мурда истодаанд. Магар ғамашон ғами ману ту? Не, Худойқул, аз онҳо набояд қаҳр кунем. Мо нону намакхўрда будем, паррандаҳои донхўр шудем, давр мегардему боз меоем. Беҳуда худатро бад накун, ба ту фарқ надорад, лекин ман боз бо онҳо рў ба рў мешавам.
— Шудан гир, ман дар ҳаққи онҳо чизе нагуфтаам ва намегўям ҳам. Ман ҳеҷ гоҳ ба нондон туф намекунам...
Хеле вақт гузашт. Чинӣ ба ҳар як дар нарафта бошад, сад бор рафт. Дар ин муддат ҷанг ҳам тамом шуд. Вале деҳа ҳоло ҳамон зайл буд: аз дарҳо чизе намерўид. Ҷўгиён борҳо деҳагардон шуданд. Садҳо бор дарвозаи мардумонро боз карданд, ҳамлаи сагонро диданд, вале ҳоло ҳам шикамашон аз нон сер нашудааст.
Норҷон солҳои қаҳтию гуруснагӣ ҳамроҳи онҳо буд. Ў ба чаҳордаҳ даромад. Гўё ҷўгии ғирт шуд. Гапу талаффузаш ҳам ҷўгиёна. Доим ҳамрохи Чинӣ мегардад. Чинӣ аз гардиш намемонад. Ҳатто ў духтарчааш Гавҳарро дар роҳ таваллуд кард. Норҷон тозон омада Худойқулро хабар кард ва ў рафта дар паси девор ба зан доя шуд. Гавҳар аз ҳамон рўз дар халтаи ҷўгӣ дар ба дар мегардад. Ва ҳоло Чинӣ ўро пушти ҷома гирифта садақаҷўӣ меравад. Вале Умматқул – дигар: ҳар боре, ки падараш сиёсат карда «ҳамроҳи модарат рав» гўяд, ў гардан мекашад. Худойқул «Ту ҳоло мардак нашудаӣ, рафтан гир, мардак, ки шудӣ, худам намемонам», мегўяд. Вале Умматқул намехоҳад, вассалом. Гўё аз ин кори ў олам дигар мешуда бошад. Умматқул мисли дигар ҷўгибаччаҳо фискашоли шўх не. Андешаманд барин. Ба ҳар ҷое равад, гапҳои барои ҷўгиён бегона мегўяд. Дар боғхонаи мардум навигариҳо даровардан мехоҳад. Ошхонаро аз боғхона ҷудо карданӣ шуда санг тўб мекунад ва рўзи кўч як санги калонро бардошта ба фарқи сангтўда мезанаду меравад. Он қадар баччаи сиёҳ, ки дар пушти дег часпида калон шуда бошад. Аз зоғ ҳам сиёҳтар. Дар авлод бобокалонаш чунин сиёҳи мазанг будааст ва инак Умматқул. Шояд барои рангаш шуда ин қадар фурўтан бошад ва дар ба дар нагардад. Зеро ҳар боре ки аз дарҳо даромад, хурду калон ба ў нигоҳ карда, байни худ хонанд:
«Ҷўгӣ - сиёҳи мазанг,
Хирманат дар сари санг.
Аз ҷиҳати бенонӣ
Аҳволам кардаӣ танг».
Ва ў хиҷолат мекашад. Вале вақте ки дандони занҳои калонсолро аз пўсти рўи худ ҳам ишқорзадаи сиёҳтар мебинад, таскин меёбад...
Ба андешамандиҳои Умматқул бештар падараш аҳамият медиҳад, вале модараш бепарво. Гўё ўро нигоҳубин накунад ҳам, худаш роҳашро меёбад ва калон мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё