Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хеле монда шуда буд. Нафасаш дар хунукӣ дуди мўрӣ барин гур-гур пош мехўрд. Модар як ба ў нигоҳ кард ва чанд чўби ҳезумро гирифт. Хам шуда халтаро аз китфи чап ба китфи рост гузаронд. Чўбҳоро зери бағал зад ва дастҳои хунукхўрдаашро даруни остинҳои ҷома овард. Онҳо ба як тўда баччагони деҳ, ки ба ҳар намуд либос пўшида ва гўшҳо бо рўймолу миёнбанд ва гўшаки телпак аз хунук эмин медоштанд ва лабонашон аз сармо ва дастҳояшон аз барфбозӣ кабуду сурх гашта буданд, дучор омаданд. Баччаҳо онҳоро дида зуд ба лўнда кардани барф омода гаштанд. Онҳо наздик шуданд. Баччаҳо ҳама хапу дам, карахт меистоданд. Якбора мисли рамаи рамида ҷунбиданд. Яке аз онҳо ба мусофирон хитоб карда гуфт:
— Хола, ўймоқ дорӣ?
— Ўймоқ дар ини очат! – ҷавоб дод занак ва парво накарда рафтан гирифт. Баччаҳо якбора дар даст лўндаҳои барф ҳуҷум оварда, фарёд задан гирифтанд:
«Ҷўгӣ, лўлӣ!..
Лўлӣ, ҷўгӣ.
Сиёҳ, мазанг, берўзӣ...»
Духтар дилтанг шуд. Баногоҳ лўндаи барфе ба паси сараш бархўрд. Ў фиғон баровард: «Воҳ, очаҷон!» Ҳезумҳои бағалаш ба замин афтиданд. Модар ба духтар нигоҳ кард, чўбҳои ҳезумро аз бағалаш партофта ва асояшро бардошта ба баччаҳо ҳуҷум овард.
Онҳо боғ ба боғ парешон гаштанд.
Ў халтаро аз китф ба рўи барфи рўгирифта гузошт ва мўи даққии духтарро бардошта паси сарашро хабар гирифт. Ўро боз рўи барф хобонда, чўбҳои ҳезумро бо пояш кўфта зери барф кард, ки то баргашта омаданаш ягон кас набардорад. Ва аз нав халтаи аз нонпораву орду ғалладона вазнин гаштаро ба китф андохта, духтарро рўи даст бардошт ва яка-яка ба сўи боғхона роҳ пеш гирифт. Бо пайроҳае, ки ду-се кас пай болои пай гузошта рафтаанд, қадам зада, аз рахнаҳои пасту баланд гузашта, ба боғхона наздик омад. Даруни калўш пури барф шуда, аз соиши пой об кушода буданд. Барфҳои болои ҳам дар поҷомааш часпидаю шилшила баста, гоҳи пой гузоштан садое мебароварданд, ки ин садо ба ягон овоз монандие надошт: на ба овози паррандаҳо ва на ба овози мусиқӣ ва на ба зангўлаҳои корвон ва на ба зангўлаи гардани серкаҳо: ба ҷаранги яхӣ ва агар дар ягон сақфу шибдор қандиле ларзида, овезаҳои он ба ҳам бархўрда садо дода бошанд, ё ба шиқ-шиқи мўҳраи «чашмак»-и дар рави гаҳвораи кўдак ҳамоил монанд буд.
Баробари аз рахнаи боғ намоён шудани ў, гўё ки аз даҳшати гуруснагӣ омадани ўро интизор бошанд, чанд нафар ба сўи ў тохтанд.
— Чӣ шуд?! – фарёд зад Худойқул.

пешина
аз 429
навбатӣ