Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Назди оташ нишаст ва ба Зукур фармуд, ки сихкабоб пазад...
Пасон фармуд, ки гўштро дар пўсташ печонда, миёни барф гўр кунад. Зукур ин корро ҳам кард ва аввалин бор сихкабоби гўшти хирс хўрд. Гўё коре нашуда буд, чизе тағйир наёфта: ором, чунон ки дар рўзгор ҳамин хел рафтор кунанд; шиштану хўрдану хестан ва хуфтану... вале ҳамааш ба якборагӣ сар шуд...
XVI
— Ту кай ба деҳа рафтанӣ?
— Баъди ду рўз.
...Ва Ваҳшӣ ҳамин ду рўзро нигарон шуд. Дар ин муддат ў он қадар фикру хаёл кард, ки тамоми умр накарда буд; дар ҷогаҳаш
– зери пўстин он қадар ғелид, он кадар паҳлў гашт, ки хар тобистонҳо рўи хоктўдаи нарм чунин ғел занад. Ғел заданҳояш ба хотири андеша буд; ба китфи рост хоб равад, фикраш чӣ гунаву ба чап ғелад, чун шавад... Андеша дошт, ки чаро Зукур хомўш аст?
Чаро ҳарф назанад? Оҳу воҳи ўро шунида ҳолпурсӣ накунад. Зукур миёни андешаҳои ў месурфид ва гумон дошт, ки овоз барорад, ба хоби Ваҳшӣ халал мерасонад.
Ваҳшӣ миёни андешаҳо гурбаи сиёҳро ёд меовард, ки чаро наметобад, чаро рўи барфи тозаи дами ғор нақши пои ў нест, чаро дар чунин зимистони қаҳратун нола карда намеояд, ки дар ин манзили хушк маскан гузинад. Шояд то омадани ў макони гурба ин ғор буд ва аз ҳайати баднамои ин ваҳшиодам гурехта, миёни сангҳо маъво гирифт... ин рўзҳо, ки наметобад, Ваҳширо андешаманд гардонд: «Чаро гурба то ин ҷо омадани Зукур пайдо буду баъд ғайб зад?» Шояд ба қисмати ў вобастагие дошта бошад? Шояд ин огоҳие бошад, ки ў корашро дониста кунад, ҳушёр бошад? Ақаллан аз ин Одам – аз ин ҷавони пурзўр... Шояд гурба ҳам аз зўри ў хавф бурда, ғайб зада бошад? «Гурбаҳо ҳодисаҳои рўзгорро пеш аз вақт мефаҳманд, ҳатто зилзиларо... Ҳо, гурба аз ин Одам тарсид – аз ин Одам натарсида ҳам намешавад. Ман метавонистам ба ў ёрӣ диҳам, ки хирсро зудтар кушад, дидам, ки зўраш зиёд, кордор нашудам. Хирс бояд ўро мекушт – хирси хашмии ломакон – аммо зўри зиёди Одам хирсро кушт... Акнун навбати ман... Ҳоло зўраш нарасад, рўзе мерасад... Ва агар донад, ки бобошро...» Сурфид Зукур, хаёли ўро парешон кард. Гумонаш, ки андешаҳои ўро дарёфта сурфид, ки хом аст хаёлат – тушбераро хом шуморӣ, ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаӣ... Пасон хаёлаш берун рафт, аз ғор баромада, сари қабри барфпўши Абўшукур карор гирифт ва хаёл кард, ки чӣ қадар ин одам осон мурд, номурод мурд – аз бахт гурехта, ба аҷал дучор шуд ва пеши назараш омад, ки чӣ зайл буни девораи ғор истода, дасту пояш ларзон, тир ба нишон расад ё на; гоҳ нишонро ба пешонаи ў мебурду гоҳ ба сари дилаш ва дасту пояш меларзид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор