Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳама гуна хаёлу андешаҳоро набарди Одаму хирс пахш карда, пеши назари Ваҳшӣ меояд ва ўро парешон мекунад; парешон мекунад, ки ин ҷавони пурзўр аз пеши худ ин ҷо наомадааст, балки ўро фиристодаанд – барои хуни боборо ситонидан... ва ў маврид пояд. Хаёлҳо кунад ў ва боз аз фикраш гардад: агар чунин буд, он шаб – вақти бемадориаш корашро мекард. Паҳлў мегардад, андешааш дигар мешавад: «Волло, ки ўро аз пайи банда фиристодаанд, вагарна баробари омаданаш Абўшукурро ном намегирифт». Паҳлў гашт ва ҳис кард, ки танаш хориш мекунад; бехи ришу зери манаҳ, паси гардан ва ҳар ҷое, ки пур аз пашм аст, хориш мекунад ва ў бо нўги нохуни дароз он ҷоро хорида, медонад, ки ё кана аст ва ё шабуш...
— Ба рафтанат чанд рўз монд?
— Як рўз.
Ва Ваҳширо бештар ҳаяҷон пахш мекунад, бештар дасту пояш меларзад, чунон ки рўзи Абўшукурро парронданаш ларзида буд.
Ў лаби оташ нишаст, дуздида-дуздида аз миёни мижаву абрўвони дароз, аз байни пашми зиёди ба пешонӣ хамида, сару рўйро гирифта ба ҷавони сиёҳчаи беҳис, ки нигоҳу ваҷоҳаташ бетафовут аст ва гўё барои чӣ ба дунё омаданашро намедониста бошад, менигарад, чашм медўзаду медўзад: кофтани дили оташро баҳона карда менигарад, сихкабобро аз сари санг гирифтаву рўгардон карда менигарад ва медонад, ки ниҳоят вақти кам мондааст – ҳамин рўзу боз як шаб... Он тарафаш чӣ мешавад, маълум нест. Ҳоло ба хулосае наомада, хаёл мекунад, андеша дорад ва фардо назди Парвардигор чӣ ҷавоб гуфтанро фикр мекунад ва худ ба худ ба хашм меояд, ки Парвардигор ўро ба чӣ рўз овардааст, гўё айби худи ў не, зеро қисмати пешонии ўро пешакӣ навиштаанд. Пас чӣ хел? Бо корд? Бо бел? Бо санг? Ё хафа карда? Не, ўро хафа карда, кушта нашавад, ҷавони хирсафкан тавонад ўро паҳлў гардонда, зери рон гирад... Аз шиддати фикр, ҳаяҷони зиёд ва аз хаёли он ки ҳама роҳҳои қатлро ў пеши назар меоварду барои нобуд сохтани Зукур истифода мекард, зери обу арақ монд ва тафси бадан хуни тез ўро чунон бардор дод, то парида хеста кореро кунад, ки…
пасон хотирҷамъ ҳаёти ваҳшиёнаашро идома диҳад... «Ё боз як бор рафта, ояд?»
Ва намонд, ки ў рафта, ояд: гашти пешин оташ афрўхта, ду-се чўби бақуввати бодоми талхакро бар оташ гузошта, паси ғарами ҳезум гузашта, дергоҳ ҷунбуҷўл кард, боз як чўби ғафсу ба андозаи дастаи бел дарозро бардошта омад ва нигоҳи Зукурро дида, онро низ тори оташ гузошт... Зукур ҳайрон буд, ки ў имрўз ин қадар меҷунбад, дам ба дарун, вале беқарор аст. Моломолаш зиёд. «Ёрӣ диҳам, ако?» Ваҳшӣ нашунида ангошта, даст ёзида аз токи девораи ғор чизеро гирифт...

пешина
аз 429
навбатӣ