Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай гўшти қоқ овард, паҳлўи ошдон гузошт, то Зукур аз сихчўб ҷудо кунад. Боз паси ҳезум гузашту...
... ва ҳангоми гўшти ба сихчўб часпидаро ҷудо кардани Зукур як зарбаи сахт ба фарқи сараш бархўрд.
Чашмони ў сиёҳӣ заданду паҳлўи чап афтид, рўболо гашт, чашмони алояш ба тори ғор беҳису бенуру хомўш менигаристанд...
Чўби сиёҳи чашмаку пихдор ва сахти бодомча аз дасти ларзони Ваҳшӣ афтид ва ба гўшаш расид, ки аз роғи сангҳои китфи шах гурбаи сиёҳ сахт овоз баровард ва Ваҳшӣ ба қароргоҳи гурба нигоҳ карда, онро надид ва баргашта ба Зукур нигарист. «Медонам, ки ту аз барои ман омада будӣ» аз дил гузаронд ў ва идома дод: «Аз пайи ман афтида будӣ, набераи Абўшукур». Ва нишаст. Нигоҳ кард ба рўйи ў, ба сари дилу синаи ў, ки нафас мекашад ё на.
Бенафасии ўро пай бурда, намедонад, ки дамаш дарун зада ва ё тамом шудааст. Хост ба сари дили ў гўш монда фаҳмад, ки дилаш метапад ё на, аммо тарсид; тарсид, ки баробари ба сари дилаш гўш додан Зукури пилзўр даст гардонда, аз гарданаш медораду то ҷонаш ҳаст, пахш мекунад ва ў пештар аз Зукур мемурад; барои ҳамин каргас барин сари ў нишаста, фурсат мепояд, ки чӣ хел нўл занад... То хомўш шудани оташ рў ба рўйи ў нишаст, пойҳояшро дароз карда, дар назар баҳузур, вале дар асл ҳушёр нишаст, то Зукур парида хеста, ба вай ҳамлавар нашавад...
Аммо Зукур бо ҳамин афтидан нахест.
Ваҳшӣ андеша мекард, ки чӣ кор кунад. Як рўз гузашт, шаб ҳам мегузарад ва фардо шомгоҳ Сангиной Зукурро дар камари пушти боғ мунтазир мешавад. Ваҳшӣ намедонад, ки Сангиной ба Зукур «наё» гуфта буд ва Зукур ин нуктаро ба Ваҳшӣ нагуфтааст...
Ваҳшӣ барои хабари марги Зукурро расондан ба он ҷо рафтанист, аммо намедонист, ки Сангиной меояд ё на. Агар ояд, танҳо меояд ва ё хешу таборро ҳамроҳ меорад? Дар андаруни ў ду кас мубориза мебурд – Раҳмону Шайтон. Равад ё на?
Ў рўйи пўстак нишаст, ваҷоҳаташ чизеро ифода намекард; хурсандиаш ҳам маълум набуд, шодиаш ҳам – одатан, одам ба муродаш расад ё кори хостаашро кунад, шод мегардад ва агар кореро карда, сонӣ фаҳмад, ки нодуруст кардааст, пушаймон мешавад, худро сарзаниш мекунад, аммо ин чиз дар чеҳраи зери пашм мондаи Ваҳшӣ ҳувайдо набуд. Ҳоло маймунро мемонд ў
– нигоҳаш, нишасташ, манаҳ бар зону монданаш маймунона буданд ва чизеро хулоса карда натавонистанаш, дидану аз рўи ақл кореро сомон накарданаш низ маймунона буданд ва дар сараш мудом давр мезад, ки агар ў ин корро намекард, Зукур мекард:
Зукур ўро мекушт. Соҳиби ғор мешуд ва занашро меовард. Ваҳшӣ ба ҳамин андеша қарор гирифт... ва чӣ фикре ба сараш зад, ки барқосо ҷаста хест... Хавф кашида, росто шах шуд, чӣ чизро ҳис кард, ки кўзаи об ба сар кашид. Донист, ки ташнагиаш намешиканад, боз нўшид.

пешина
аз 429
навбатӣ