Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

... ва Сангиной ғорро холӣ дид: на Зукур буду на хирс. Ваҳшӣ рўи пўстакро нишон дода, хоҳиш кард, ки Сангиной шинад.
— Бишин, ҳамаашро мегўям...
Сангиной дарёфт, ки фиреб хўрдааст, гўё як сатил оби хунук аз сараш рехт. Дам ба дарун гирифт. Фарёд занад, додрас нест, шаттоҳӣ суде надорад. Гумонаш, ки ҳоло ҳама чиз барбод нарафта; пешгаҳи ғор торик аст, шояд он ҷо гузошта бошад...
...Вале ҳамин ки Ваҳшӣ бел гирифта ҷониби барфи дами ғор рафт, Сангиной худдорӣ карда натавонист: «Не-е-е!!!» ва Ваҳшӣ як қад парида баргашта ба вай дўғ зад:
— Чӣ дод мезанӣ! Ман кардам?
Сангиной даст ба даҳон гузошт, ки чаро худдорӣ карда натавонист. Баъд рафтори Ваҳширо бадиққат нигарист: Ваҳшӣ белро сахт ба барф зад, бел рост халид ва ў баргашта санги шарар гирифта, хаси хушк оварда, оташ афрўхт. Сангиной ба оташ наздик наомад, харчанд ки сармо ба устухонаш кора карда буд, миёни ғор мехкўб меистод. Ваҳшӣ ҳезумҳои ғафстар мемонд рўи оташ ва гаштаву баргашта ба зан менигарист, то биёяд, гарм шавад.
Сангиной бо вуҷуди худро ба девонагиҳо задан фан хўрданашро дониста, аз оламу одам ноумед рост меистод ва намедонист, чӣ кор кунад. Дар ғори калону сарду торик, ки баъди чанд лаҳза танҳо шўълаи оташ онро равшан карда метавонад, намедонад, ки чӣ кунад бо Ваҳшӣ? Буд-набуд ё ягон чиз мегўяд ё ба вай дармеафтад ва ё ягон роҳи дигари муносибатро меёбад. Ин лаҳза ҳавои беруни ғор ба як пардаи мотамӣ бадал мешуд ва ғор сард, тору воҳимаангез метофт. Ҳама қиссаву афсонаҳои шунидаву донистаашро, ки Рустам, Хизр ё Ҳотами Той ё фариштаву малоикаҳо ба доди инсон расида, аз ҳолатҳои танг раҳо мекунанд, аз марг наҷот медиҳанд ва ё роҳи халосӣ менамоянд, ёд оварда, дар фикру зикраш ба Худо муроҷиат кард, то аз дасти ин бало бираҳонад...
ва истоду истод, халосие надид, боз ба Парвардигор ёдрас кард, ки ўро санг созад; дар миёни ҳамин ғор чӣ хеле ки яккамех барин истодааст, санг созад, то касони дар ин ғор пайдошуда аъҷубаи сангиро бинанд...
Ваҳшӣ ба андешаҳои ў халал расонд: ў ҷониби бел рафта, дар шўълаи забонаи оташ, ки девораҳои сангиро равшан мекард, гоҳ дуру гоҳ наздикро мунаввар мегардонд. Олотро гирифт. Барфро кофта, як лаби пўстаки зери барф яхбастаро бардошта, гўшт гирифта назди оташдон омад, рўи тобаи гарм ниҳод, то об кушояд, пасон ба Сангиной рў овард:
— Рав, бин, хирси куштаи Абўзукур!
Сангиной нашунид ҳарфи ўро, нафаҳмид, ки чӣ гуфт, аммо номи Абўзукур ба гўшаш даромад ва дилаш якбора таҳ зада, гўё пеши пояш афтид, вале чашмаш медид, ки Ваҳшӣ чӣ кор мекунад:
ў сихчўбҳоро оварда, рўи тобасанги дигар гузошт, корд аз миён кашида, гўштро пора-пора карда, ба сих кашид, сонӣ аз санге бар санге савор кард, то дар оташ кабоб шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор