Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Беғам...» аз дил гузаронд Сангиной ва гўё ҳамин андеша ўро бедор кард. Бедор кард, ҳушёр кард, ки чунин рафтораш ба фоидаи кор нест; ҳиллаву найранг бояд кард. Вале метарсид, ки бо Ваҳшии бараҳна, ки пўстак ҳеҷ ҷои ўро пўшида наметавонист, нишинад; ҳарчанд ў дар рўзи равшан, ҳангоми фарозҳоро баромадан, нишебиҳоро фуромадан, сангпари обҳоро гузаштан ҳама бараҳнагиҳои ўро дида буд ва худро пас мекашид, ки номаҳрамиҳояшро набинад...
ҳоло аз ў канору барҳазар будан мехоҳад.
Ваҳшӣ боз хесту ҷониби барф рафт. Чанд ангушт канортар бел зада, барфро якбара кард ва баъд бо даст аз рўи чизе барфро рўфта, қомат рост кард ва ба Сангиной рў овард:
— Биё, бин шўятро!
Сангиной ба гўшҳояш бовар накард. Карахт ба Ваҳшӣ менигарист, аммо дар торикӣ на симои ў метофт ва на ваҷоҳати худаш ба вай равшан буд. Сангиной ҳеҷ чизро намефаҳмид ва чизеро намедид. Аз миёни торикиҳо, аз миёни меғҳои даргузар, ҳавои гирифта ва майнаи пурмағал хаёле маълумаш гашт, ки санг мешавад; ҳамин хел ки чизеро дарк карда наметавонад, чизеро намефаҳмад, намешунавад, намебинад... санг мешавад – рўҳ аз ў мепаррад, танҳо шўълаи нимҳолу нимранги забонаи оташ миёни мижгонаш ба ҷои ҳама гуна зебоиҳо ҷовидон мемонад ва дар ҳайкали сангӣ ҳам метобад он шўъла; дар як санги фавқулоддае, ки гўё ба ин аср мутааллиқ набуда, аз кадом асри сангӣ ва ё аз давраи пайдоиши Оламу Одам боқимонда, ки дар тан куртаи сиёҳ, аз рўи он ҷомаи рах-рахи алоча, дар сар қарси сафед, дар пой мўкии мардона, ки ба асре тааллуқ доштанашро муайян карда наметавонад; ҳамин қадар маълум мегардад, ки як инсони азияткашидаи берўзӣ будааст, дар мотами хеш сиёҳ пўшида... аз оташи чашмонаш пайдост, ки аз зиндагӣ умеде дошта, ба нияташ нарасидааст ва нияту армонаш ҳанўз дар чашмони сангиву хомўшаш боқист... шўъла мезанад...
Вале ў ангушт меҷунбонад ва дармеёбад, ки ҳоло ҷон дорад, санг нагаштааст, чизеро эҳсос мекунад, фикр ҳам дорад, андеша карда метавонад, боз ҳамон забонаи лоларангро мебинад ва ранги онро аз торикии беруни ғор фарқ карда метавонад, миёни торикиву равшанӣ ҷунбуҷўл кардани Ваҳширо мебинад, аммо ташвишу беқарории ўро фарқ карда наметавонад: пешгаҳи ғор меравад, ҳезум оварда бар оташ мегузорад, чойҷўшро аз оташ дур мекунад аз халтачаи шолӣ чизеро гирифта дар чойҷўш меандозад, ҷониби барф мераваду хам шуда ба чизе менигарад, ба Сангиной рў оварда, ишора мекунад, ки омада ин чизро бинад. Аммо фаҳм намекунад, ки Сангиной як ҳайкали баччашм аст.
— Биё, бин шўятро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор