Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар фазои торики ғор такрор мешавад ин садо ва Сангиной як қад парида, ба худ меояд, ки шавҳари ў дар миёни барф чӣ кор мекарда бошад. Ў яқин кард, ки ҳайкал нагаштааст... Оҳиста як қадам монд, боз қадам монд ва ҳамин тавр то назди Ваҳшӣ омада, хам шуда, ба ҷои барфи кофта нигарист, аммо фарқ накард.
— Ин хирс! – ба пўсту гўшти миёни барф мондааш ишора кард Ваҳшӣ. – Инаш Абўзукур!
«Ваҳ!» гуфтанашро медонад Сангиной, аммо чӣ хел худро ба рўи шавҳар партофтан ва он тарафашро ёд надорад...
...Сангиной ба худ омада, ҳис кард, ки рону пойҳояш бештар аз танаш хунук мехўранд. Дасмол карда рону пойҳояшро бараҳна дарёфт ва худро дуо кард, ки зинда барнахезад... Ёдаш омад, ки охирин бор худро ба рўи Зукур, ки дар шўълаи оташ аҳёне менамуд ва миёни барфи сард мехобид, андохта, аз худ рафт...
ҳоло бедор гашта, пиндошт, ки аз таъсири сардии барф хунук мехўрад… чун мўкиашро кашида дарёфт, мурд... ҳамин хел мурд, ки девонагиву оворагиву худро ба карию кўрӣ задан пеши он як пул буд... Даст-даст кард, пай бурд, ки рўи пўстак мехобад, аммо ёд надорад, ки чӣ хел аз рўи барфи сарду шафати Зукур ба ин ҷо афтод... Мағзи сари ў бедор шуд ва дарёфт, ки кори ҳароме шуда.
Акнун мўкиашро меҷусту пойҷомаашро. Ҳар як ҳаракат, ҷунбиш ва нафас кашиданаш садо дошт, чунон дар ин ғори хомўш шунида мешуд, ки ўро ба ҳарос меовард; гўё садои соиш хўрдани дасту пои ў не, садои нафаси худаш не, балки чизе дар паҳлў мехазад, танаш ба чизе расида, садо мебарорад ва ў аз шарм, номус ва сахт фиреб хўрдан карахт гашта, садо дардода, наметавонад...
Рўболо хусбида андеша мекунад, ки ин кори кист? Кори Ваҳшист ва ё Зукури миёни барф хуфта бархоста ин корро кард?...
Ў девона гашт: ақлбохта, гаранг ва ҳатто ақлаш намерасад, ки хезад, аммо хаёле фаҳм мекунад, ки бояд пою ронашро пўшад...
Боз даст меёзад, пой месояд, ки дар паҳлў ягон чиз будагист ва пояш аз пўстак берун омада, ба замини сард мерасад. Чашмонашро мемолад, ки ягон чизро бинад, гўшҳояшро месояд, то чизеро равшан шунавад... чизе нест. Чунон хомўшӣ, ки дар олам ҷонзоде вуҷуд надошта бошад. Дам ба дарун гўши гаронашро ба чизе равона мекунад, хомўш мемонад. Бештар пайдо шудани Ваҳширо мехоҳад, зеро аз дидори Зукур дасту дил шуста... Вай, ки дар чунин шаби тор ба як аҳволи чашм надидаву гўш нашунида аст, худро сарҷамъу саришта карда наметавонад ва намедонад, ки чӣ кор кунад. Шавҳари ноўҳдабарои тарсуи номардашро нафрин мехонад, мижгон зада, чашм мепўшаду мефишорад, ки симои ғашовари ў дар дидааш пайдо нашавад. Аз гўшае садое ба гўш намерасад, гумон мекунад, ки ҳама чиз мисли хирсу Зукур мурда, миёни барфи сард мехобад. Даст ёзида, мехоҳад мўкиву поҷомаро пайдо карда, пўшида, аз ин ғори даҳшатзо дар чунин ғояти шаб бадар равад, то касе аз омадшуди ў огоҳ набошад.

пешина
аз 429
навбатӣ