Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ту аз ман нагурез, Сангиной, акнун якҷоя зиндагӣ мекунем, гуфти худат: қисмат ҳамин будааст... медонӣ, чӣ кадар ман дар ин танҳоиҳо одамро пазмон шудам... Маро танҳо нагузор... исто ҳамин ҷо, дукаса нағз... ту равӣ, ман мемирам...
— Мумкин не... мекованд...
— О, дар Дашти Морон танҳо, мегўӣ-ку?
— Танҳо, лекин ҳар сари чанд вақт рафтанам лозим, худамро бояд нишон диҳам.
— Ҳамин ҷо меистӣ, худам бурда, меорам... Акнун миёни ману ту «ҳаю не» шуданаш номумкин...
— Ва ту чаро кори ҳаром кардӣ?
— Дигар илоҷ набуд, Сангиной... Ту ҳеҷ гоҳ ба гуфти ман розӣ намешудӣ... ва ман маҷбур будам, ки туро кушта ба мақсадам расам... он гоҳ ҳаромтар мешуд кор.
Сангиной андеша кард, ки рост мегўяд, ҳеҷ гоҳ ў ба ин кор розӣ намешуд ва агар донад, ки чунин мешавад, Зукурро гуфта, намеомад; агар обистан намешуд, алам дар дилаш мепўсиду намеомад.
Як пора гўшти хунии сеҳру ҷоду ўро ба ин манзил кашид.
— Ин ғор ягон сеҳр надорад?
— Сеҳр ҳам надорад, мор ҳам... Як гурба дошт, ки ғайб зад...
Зукур пайдо шуду гурба ғайб зад.
— Ман бовар намекунам, ки бобову набераро як хирс кушта бошад, – якбора аз ин боб сухан кард Сангиной.
— Як кас, як кас...
— Чӣ хел як кас?
— Худам шоҳид, як кас.
— Кӣ он кас?
— Кӣ он кас?! – гўё хато карданашро дониста, саволи Сангинойро такрор кард ва баъди мулоҳиза ҷавоб дод: – Як хирси пашмии сиёҳ...
— Дурўғ! Зўри хирс ба Зукур намерасид... Ў ҷавонмарди пурзўр буд. Фақат аз ў фарзанд нашуд... Бовар намекунам, бовар намекунам! Чаро шумо ёрӣ надодед?
— Ман?
— Ҳа, шумо!
Ваҳшӣ хест. Пўстакро ба дўшу миён баст ва чизе нагуфта рафт.
Бозистод ва баргашта, чизи дар дилаш бударо изҳор кард:
— Аз барои ту шуда!
Сангиной як қад парид. Пуршаст хест. Ҷониби ў фарёд эад:
— Ту маро аз куҷо медонистӣ?! – ва баъди ин ягон бор ўро шумо нагуфт.
— Медонистам... медонистам... чанд бор аз пайи Зукур рафта, туро дида будам...
— ... ва ту куштӣ?!!!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор