Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ман куштам! Ман куштам! Бобою набераро ман куштам!
Чӣ мегўӣ? Чӣ-чӣ кор мекунӣ?
Сангиной дигар чизе нагуфт. Бознишаст. Дар тан мадор намонда, ҳанги пойҳо хушк шуда, нишаст. Вале нишаста натавониста, ба даруни об ғелид. Ваҳшӣ дартоз омада, ўро бардошт ва ҳамон зайл то ба ғор бурда, рўйи пўстак хобонд... Ин дафъа Сангиной баҳуш буд, худро ба беҳушӣ зад, то бинад, ки Ваҳшӣ чӣ кор мекунад. Ваҳшӣ ўро хобонд ва ба рўяш ду-се бор нарм-нарм зада, ба ҳуш овардан хост, аммо Сангиной бедор нашуд... Ваҳшӣ дигар ба ў кордор нашуда, назди оташдон рафт, то оташ афрўхта, барои Сангиной сихкабоб пазад. Сангиной аз либоси тар гўё хунук хўрда, ба худ омад ва хеста ба офтобрўя баромад, ки баъди чанд лаҳза ҷояшро сояи шах мегирифт... Пештар рафт, то назди гўрҳо.
Як бор ба пас нигашт ва боз ба ғор омад. Гўшти обаш паридаро зўран ба сих кашидани Ваҳширо дида, чизе нагуфта, белро гирифт ва хомўш баргашт.
— Мон худам мекунам! – изҳор кард Ваҳшӣ.
Вале Сангиной чизе нагуфта хомўш рафт. Оби дида рехта, хоки гўр бо пушти бел ҳамвор мекард ва Зукурро ба чунин кори карда нафрин мехонд: «Тактару чуқуртар равӣ!» аз алам мегуфт ў ва боз хоки рехтаро тори гўр мепартофт, то гаронтар шавад.
«Рўзу рўшноиро набин, худоноумед! Ҳамаро сарсон кардӣ, дар он дунё сарсон шав!» Мадораш рафт: ҳам кор, ҳам андешаи зиёд, ҳам гуруснагӣ, ҳам беҷо шудани таги дил ҳанги ўро хушк карда буд, вале бештар аз андешаю фикру хаёл буд, нерўи бел бардоштан намонд. Сўйи ғор нигарист, ки Ваҳшӣ метобад ё на. Наменамуд. Дам гирифтан хост, аммо дил накард; барои он белро аз даст нагузошт ва нанишаст, ки Ваҳшӣ чунин ҳолати ўро набинад; танҳо алам ва ору номус зўр мебахшид, ки бел зада хокро тори гўр партояд.
— Гуфтам-ку, худам мекунам!
Дасти Сангиной аз кор монд ва ў бели ба хок задаро бардошта натавониста нишаст. Заифона нишаст ва гўё мунтазир буд, ки кай Ваҳшӣ белро аз дасти ў мегирад. Дар асл ғашаш меомад: мехост, ки Ваҳшӣ биёяд ва ў ба фарқи сари ў бел занад... Пас калонтар чашм кушода бинад, ки олам чӣ тоза шудааст: «Не, бо мурдани ў олам пок намешавад, боз ман ҳастам, мани ҳаром...»
Ваҳшӣ омада дастаи бел аз дасти ў гирифт, Сангиной зиддияте накард, балки баҳавас нигарист, ки ин марди ғўл чун кор мекунад. Бо зўри ваҳшиёна дар як дам хокро тори гўр партофта, гаҳворасурат кард.
— Як гўри дигар паҳлўи ин гўрҳо бикоб! – амрвор гуфт Сангиной.
— Чӣ лозим? – ҳайрон пурсид Ваҳшӣ.
— Якеи мо паҳлўи инҳо бояд бихобем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор