Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Девона шудаӣ? Ваъда карда будӣ? – дод зад Ваҳшӣ, дар танаш раъша давид. Ҳаросид, аз чунин ҳарфи занак ҳаросид ва ба хаёл рафт, мақсадаш чунин бошад, як рўз не, як рўз ўро нобуд месозад.
— Як ту монда будӣ, девона нагуфта...
— Охир гапата бин... Омада-омада аз дасти зан мурам?
— То аз дасти хирс мурдана аз дасти зан мурдан хуб нест?
— Хуб аст, – оҳанги суханро дигар кард Ваҳшӣ. – Аз дасти ту мурам, беармон меравам... Ма! – корд аз наём кашида, ба ў дароз кард. – Дар зиндагиам танҳо туро дидам, танҳо ту маъқул шудӣ, танҳо ту насли маро давом дода метавонӣ... куштанӣ бошӣ, ту куш!.. Ма, ҳазар накун... Ин корд одам накуштааст, мехоҳам, ки як бор кушад. Ма! Аввал куш, баъд гўр меканӣ...
Сангиной суханони ўро найранг донист, озмун пиндошт. Охир кӣ ба марги хеш ба душман корд додааст? Ва оҳанги сухан дигар кард:
— Ту гумон мекунӣ, ки ман одам кушта метавонам?.. Дар зиндагӣ мақсаде надорам, одам кушта натавонам. Одамон бо ягон ният ва ё аз тарс одам кушанд, ман на ният дораму на тарс...
— Тарс надорӣ? Аз мурдан натарсӣ?
— Метарсидам, ин ҷо намеомадам... Медонистам, ки ин ғор кушишхона аст... медонистам, ки одами ба ин ғор даромада солим намебарояд, бо вуҷуди он омадам.
— Ҳмм... Ин хел бошад, туро куштан лозим...
— Ҳо, куштан лозим... Якбора ду кас мемурад... Чорёр мешавем ба гирди ту... чӣ хел ту аз Худо наметарсӣ-а?
— Кадом Худо?.. Ҳамон Худое, ки ману туро ба чунин рўз овардаст? Наметарсам... аз касе наметарсам!
— Астағфируллоҳ бигў, Ваҳшӣ!
Ин ҳарф ба Ваҳшӣ сахт расид, ки ҷониби ў майл кард ва кордро ба паҳлўи Сангиной дошт:
— Туро куштан лозим... Занаки бад метобӣ...
— Бад намебудам, пеши ту меомадам?.. Бад намебудам, ту тани маро ҳаром мекардӣ?
Ваҳшӣ чизе нагуфт. Корд аз дасташ афтид. Мўйҳои парешони Сангинойро панҷа зад, сила кард, ба тартиб овард ва меҳрубон нигарист ба рўяш...
— Накун, убол аст! – ба бўсаборон кардани Ваҳшӣ зиддият нишон дода, сар ин тарафу он тараф тофта дод мезад занак. – Бихез! Нарас! Паҳлўи гўри шаҳидон ҳаромкорӣ накун!
Ваҳшӣ тоқат карда натавонист. Вазни худро бар занак андохта сагона иринҷос зад ва рўй ба рўйи Сангиной гузошта ду-се бор ваҳшиёна ларзид. Ва як оҳи дароз баровард, ки дер боз дар андарунаш ҷамъ шуда бошад. Сангиной пай бурд, ки Ваҳшӣ ҳама либосашро биолуд.

пешина
аз 429
навбатӣ