Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба ў халал додан нахост: «Худи раис гардад, бинад, то чӣ гўяд?» Вале раис ҳеҷ чиз гуфта натавонист. Каме ноумед истод, сонӣ қадам зада ҷониби мошин рафт. Аз хомўш рафтани ў ҳама дар ҳайрат буданд. Раис ҷуссаи гарони ҳамин шабу рўз андаке лоғар гаштаашро бардошта, ба мошин нишаст ва фақат вақте ки мошин ба роҳ даромад, ба маънии хайрухуш сар афшонд. На танҳо Қумрӣ, балки ҳеҷ кас наҳоҳад, ки чунин одам аз наздаш дур шавад. Раис ба Қумрӣ ва барои ҳама азиз ва меҳрубон аст.
Вале ҳама баробари Қумрӣ бо вай ҳамгапу ҳамнишин шуда натавонад; дар ин хусус Қумрӣ аз дигарон фарқ дорад. Ҳарчанд Қумрӣ тамоми хислату корҳои раисро донад, боз андеша кунад, ки сирри ин қадар ўро дўст доштан ва эҳтиром кардани мардум дар чӣ бошад? Раис бисёр, раисони номдор ҳам бисёр, калонсолу одамони обрўманд низ кам нестанд, мардони кордону қаҳрамони арсаи кор ҳам; раисоне ҳастанд, ки ду-се карат қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дар бораашон китоб навиштаанд, филм бардошта ба мардум намоиш додаанд, аммо Қумрӣ дар ягон китоб ва дар ягон филм симои раиси худашонро надидааст. Дар он асарҳо раис ҳаст, кор ҳаст, ташвиш ҳаст, даву тоз ҳаст, лекин ҳамин чиз нест, ки халқ раис гуфта ва раис халқ гуфта, ҷон диҳад; ҳамин чиз байни халқу Муҳаммадалии раис ҳаст. Агар аз чашму дилу нияти халқ нигоҳ кунӣ, раиси онҳо шахси рисолавӣ. Аз рўи рисола одам (махсусан роҳбар) бояд чунин бошад: ягон тўй, ягон азо, ятон маслиҳату ҷамъомад бе раиси калон – Муҳаммадалӣ нагузарад...
Мошини раис дар зери тўрпардаи борон аз назар дур шуд.
Қумрӣ бо нигоҳаш мошини ўро гуселонд ва ба фикру андеша фурў рафт. Дар бораи он занак – Зиёдаи маст (ба қавли баъзе мардон зеботарин зани ҷаҳон) фикр кард, ки ба вай чӣ нарасид, ки ин қадар сари ўро гаранг кард. Саҳл монда буд, ки омада пеши пояш ғелад, ки маро бо раис ошно бикун. То ҳол Қумрӣ маънии рафтори ўро нафаҳмидааст. «Ба раис гап дорам» гуфт Зиёдаи маст. Ҳарчанд Қумрӣ гуфт, ки худат рафта гапатро ба раис гўй, вай одами хуб, гапатро гўш мекунад, аммо занак қабул накард.
Хоҳиш ҳамин буд, ки ба воситаи Қумрӣ бигўяд. Қумрӣ муаммои ин занакро нафаҳмид, ки нафаҳмид. Кори занак барор нагирифт, сонӣ омад, ки Қумрӣ бо вай ҷону ҷигар аст, ба раис фаҳмонад, ки мардумро ба хешу дарвеш ҷудо накарда ҳамаро бо як чашм бинад, якеро нозғунҷу дигареро партобӣ надонад.
— Ту чаро ҳама гапатро ба ман гўӣ, гапат бошад, худат рафта гуфтан гир,– оқибат кафид Қумрӣ.
— Барои он гапҳоро ба ту гўям, ки гапи раис гапи туст ва гапи ту – гапи раис, – буғзи дилашро кафонд Зиёдаи маст.
«– Фаҳмо», – ба вай не, ба худ гуфт Қумрӣ ва кўшиш кард, ки дую дубора бо он занак дар ин хусус гап назанад ва агар илоҷ дошта бошад, бо ў рў ба рў нагардад. «Фаҳмо» гуфт ў, аммо чй фаҳмоӣ дошт, сарфаҳм нарафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор