Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарфаҳм нарафт, ки ин занак ин қадар бо сўзу гудоз хоҳиши ошноӣ ва пайвандии раисро дорад. Қумрӣ одами бад набудани раисро донад, вале надонад, ки дар зиндагӣ кас бе бадхоҳ ва бе душман нашавад. Кас донад, ки душманаш кист, зиндагӣ кардан осон аст, вале кас ҳамаро дўст пиндошта гардаду «дўстон» дар дил душманӣ дошта бошанд, рўзи сахт. Қумрӣ сахт ба фикру хаёл рафт, оламу одамро мулоҳиза кард ва аз рўйи дидаву шунидаҳо ба хулосае омад, ки танҳо бо бадон не, бо некон ҳам кордор мешудаанд, аз паи гумбодии одами хуб низ меафтодаанд. Занак шояд фикр кунад, ки раис фақат барои Қумрӣ нағз, танҳо ба ў некӣ кардан хоҳад. Не, ин хел не. Ҳама мисли Қумрӣ ба вай муносибат доранд, ҳама ўро раиси раисон, раиси калон гуфта эҳтиром кунанд. Танҳо аҳолии колхоз не, ҳама касе, ки бо ў ҳамнишаст шудааст. Эхтироми ў боз ба раис зиёдтар шавад, қувват гирад, китфу бозуяш бардошта шавад. Ва боз гапҳои «Муаммохонро» фикр кунад, ки чаро масъалаи «хешу дарвешро»
ба миён гузоштааст. Боз худро ба нодонӣ зада аз Қумрӣ савол кунад, ки «чаро ҳама баробар кор кунанду яке ҳам қаҳрамон, ҳам соҳиби ордену медалҳои зиёд, вале номи дигаре ақаллан ба хамдиёронаш маълум нест?» Худро ба нодонӣ зада гўяд ў, вале ин гап гапи худи ў нест. Ин гапи Зиёдаи маст нест. Шояд ягон кас домони ин занаки хуморичашмро бо чормағзи пуч пур карда ба ин роҳ ҳидоят карда бошад. Ҳарчӣ бошад-набошад Қумрӣ ба ҳарфҳои ў ҷавобе надод ва чунон вонамуд кард, ки Зиёдаи маст гапе нагуфт ва ў нашунид. Дард кам – дарди сар кам. Чунон ба ин гапҳо бепарво буд, ки ба раис ҳам даҳон накушод. «Кирои гап не», гуфт. Рост кирои гап набудааст, барфу боронҳо ҳама ғуборҳоро шустанд, ҳаво тоза аст. Ҳоло ҳам борон меборад. Қумрӣ ҳоло ҳам зери шипанг истодааст. Садои ба шиферҳо бархўрдани борон ва овози пушти хона аз новаҳои шифер рехтани об ба гўш расад. Борон паёпай борад, на кор карда шавад ва на ба хона рафта. Қумрӣ гаранг, дигарон низ. Онтарафтар духтарону ҷавонони тафси дилашон баланд гуфтаи раисро баҷо оварданӣ шуда, бозию шўхӣ доранд. Бозию шўхии имрўза на аз рўи вақтхушӣ, балки аз зарурат бувад.

2

Наврўз. Се рўз аст, ки мардум офтоб хўранд. Баданҳо андаке гарм шуда бошад ҳам, таги по хушк нашудааст, мошинаҳо ба ангор даромада натавонанд. Кишти пунбадона дермон шуд, Қумрӣ мисли аспи беқарор пой кўбад, рафторашро пай набарад, садои ба замини нам тап-тап бархўрдани мўзаашро нашунавад. Мўйи аз гирди тоқии чоргули сабзмахмал раҳо шуда, бо кунҷи чашм ба рўи рост фаромадаро ҳам набинад. Ў парешонтар аст аз пешина.

пешина
аз 429
навбатӣ