Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Чӣ намешавад?
—...Ота, лозим бошад, келин ҳамту омадан гирад.
— Ҳези падарлаънат... Волло, ки ту аз ман нашудаӣ! Мардҳо барои зан сар мебозанд, ин «Худаш биёяд» мегўяд. Рўймол банду мон.
— Ман мурдавор худро намефурўшам...
— Гум шав аз назарам, саг! – сўи дар ишора кард падар.
— Хуб, меравам... Меравам, ман ҳеҷ чиз бой вамедиҳам.
— Зудтар гум шав! Шумқадам!
Умматқул қадам андохт.
Дили Чинӣ мисли себи кирмғўҷ ба замин афтид. Яке мижгон таҳ кард, баъд сўи писар қадам зад. Фиғони духтар баромад:
«Акоҷон, акоҷон! Ман ҳам ҳамроҳат...» Умматқул сари ўро оғўш кард, мўи сарашро бўй кашид. Сипас сари ўро раҳо карда ба модар нигарист:
— Хайр, оча!
— Не, Умматам, нарав, садқат бишам, нарав, бетавфиқи отат ба худ меояд.
Сари Умматқул ба сардарӣ бархўрд.
— Дар ин шабонгоҳ куҷо меравӣ?
— Напурсед, оча, поям куҷое барад.
— Очат чӣ кор кунад?
— Хуҳаратон куҷо равад?
Умматқул бозистод. Каф-каф барф гирифта меҷафид, сахт мекард, мепартофт ва боз мегирифт. Ҳаяҷон ва ғазабашро фурў нишонданӣ буд. Чӣ гуфтанро намедонист. Нигоҳаш ба чодари хокистарранги боғи ҳамсоя бархўрд. Аз чодар моҳе бурун омад, ба дили Умматқул оташе афрўхт. Ў ба боғи миёна гузашта яхи ҷўйро бо пой зада шикаст. Як сатил об гирифт ва боз зери чодар шуд. Ба назари Умматқул расид, ки ў худро мисли тоҷикдухтарон оростааст, ба тўй меравад. Абрпорае аз гўшаи фазо боло шуда рўи моҳро гирифт, гўё пеши чароғи сақфи хонаро бо гилеми сиёҳе пўшиданд. Гулўи ҷавонро буғз панҷа зад. Ба назар замину замонро як оромии ғайриоддӣ фаро гирифт...
...Чашми Гавҳар ба сари девор афтид, ки Саидқули даҳоняла дам ба дам бинӣ кашида, нигарон меистод. Духтар тозон сўи ў рафт. Саидқул тарсида гурехт.
— Нагурез, гап ҳаст! – ўро боздоштанӣ шуд духтар. Ў бовар накарда боғи миёнаро тозон гузашта ба чодар даромад. Дар як мижазанӣ аз дасти духтар дошта баромад. Ў ба ишораи даст ба апааш чизеро мефаҳмонд. Умматқул баробари аз дар баромадани Талъат беихтиёр қадаме пеш монда, модарашро бехушона ба пас тела дод. Ба сари девор наздик шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё