Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мошинаҳо дуру наздик гарданд, бригадаи занонаи Қумрӣ майдондорӣ кунанд. Духтарон суруд хонанд ва хаёли Қумриро ба дигар тараф баранд; гоҳе ба сўи ишқу муҳаббат, гоҳе ба сўи пушаймонӣ. Вале рўҳи қавии Қумриро ҳеҷ чиз мағлуб карда натавонад, вай ба ҳама гуна бадию аҳриманӣ чирадастӣ кунад, миёни ҳама хел бедодиҳоро мешиканад. Ў метавонад аз миёни ғалаёну ошўбҳо, аз миёни бедодиҳо ва дасисаю найрангҳо хаёли парешони худро ҷамъ бикунад, ақли худро кор фармояд ва роҳи дурусти корро пеш гирад. Қумрӣ ба майдон нигарад, мошинаҳои чолони шогирдонашро бинад ва гумон кунад, ки ў тани танҳо нест, балки пар дорад, бол дорад, тавонад парвоз кунад. Аз ин рў андеша дорад, ки агар раққосаҳои машҳур аз духтарон ансамбли рақс ташкил карда бошанд, Қумрӣ аз духтарон дастаи мошинкор сохтааст. Ў аз хурсандӣ ба ваҷд омада гўё ки касе аз зери кашаш дошта бардошта бошад, ковок нишинад ва ба ҳамаи шогирдон, ки кадоме дар кадом киштӣ нишаста ва ҳоло ба кадом самт шиновар ҳастанд, назар афканад ва дар бораи ҳар кадом аз ҷои нишаст гувоҳнома дода тавонад ва донад, ки ин духтарон қавиирода ҳастанд, на аз об тарсанд ва на аз оташ.
— Оқибат таги осмонро бастед-а, апаи Қумрӣ, – мошинашро дар паҳлўи мошинаи вай дошта гўяд Анзурати дароз.
— Ҳовва, бастем. Аз даҳони мардум дида, таги осмонро бастан осонтар аст,– ҷавоб гардонд Қумрӣ, аммо ин ишораи ўро Анзурат нафаҳмида, пурсид.
— Чӣ, боз ягон гапи нав?
— Нашунидӣ? Қумрӣ шавҳар кардаст!
— Хайр, баъд айб аст?
— Ягон кор айбе надорад, лекин чӣ хел ба гапи дурўғ даҳонашон равад? Чӣ хел яктаро дидаю дониста бадном кардан хоҳанд?..
Хайр, аробета каш, дароз.
Анзурати дароз чӣ гапе нўги забонаш омад, ки худдорӣ карда хандид ва мошинашро ба ҳаракат даровард.
— Фаҳмидам, ки чӣ мегуӣ.– Қумрӣ низ табассум карда мошинашро ба ҳаракат даровард.
Онҳо аз паҳлўи ҳамдигар гузашта рафтанд.
Мошинаи Қумрӣ қад-қади тутҳои қатори лаби ҷўй, ки акнун муғҷа мекафонд, ҳаракат карда, рў ба рўи шипанги бошишгоҳ қарор гирифт. Қумрӣ мотори мошинаро хомўш накарда, бархест ва пой ба поймонак гузошта, аз паҳлўдарӣ дошта, гардан ёзонда, атрофро аз назар гузаронд. Чунон намуд, ки омадани касеро нигарон аст. Ў ба ҳама ҷо, ба ҳама мошинҳо нигоҳ кард ва баъд дуру дароз ба роҳи деҳа нигарон истод. Сонӣ аз мошин фаромада назди тутҳои қатор омада, ба навдаҳои обгирифта, ба муғҷаҳои навдамидаи онҳо назар андохта, давраҳои духтариашро ёд овард.
Аммо чӣ шуд, ки ин дафъа дар ин хусус фикр накард, балки нарде, ки медошт, муғҷае ки талоши ҳаёт карда, пўстро дарида берун омадан мехост, диққати ўро ба худ кашид...

пешина
аз 429
навбатӣ