Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Муғҷа об гирад, сабз шавад, барг барорад, баъд онро бурида назди кирмак андозанд,...Тут боз нард барорад, сабз гардад, шох занад, то даме ки решаашро кирм хўрда хушк накунад. Вале одамӣ дигар. Вай мисли дарахтест, ки як умр шох занад, бузург шавад, ба сўи пирӣ равад, сонӣ... сонӣ аз сабзиш бимонад...»
Қумрӣ надонист, ки чаро чунин фикр кард ва нафаҳмид, ки барои чӣ мотори мошинаро хомўш накарда, фаромада, «ҳамнишини» тутҳои рўҳу ҷон гирифтаистода шуд ва боз бо ин чолокӣ ва сабукрўҳӣ болои мошин омад. Вақти хўроки нисфирўзӣ шуд.
Ў омадани касеро интизор буд. Балки ба омадани вай нигоҳ накарда, аз гўшаи ин замин бо роҳи миёнаи тутҳо ба қитъаи дигар гузашт. Ҳоло аз миёнаи тутҳои урён ҳама ҷо ва ҳама мошинаҳое ки дар дигар қитъаҳо кор кунанд, тобад, ва чун тутҳо барг бароранд, қитъа-қитъа майдонҳо намоянду дигар ҷойҳо пешбанд шаванд. Бригадаи мошинкори Қумрӣ чаҳор фасли сол дар ин ҷо кор кунад, аммо фақат вақти ҳосилғундорӣ, вақти ғалберро аз об бардоштан овозаю эътибораш боло гирад ва дар ин фасл ҳама аз роҳбарони колхоз то роҳбарони республика ба кору бори онҳо аҳамияти махсус диҳанл.
Офтоб рутубатро аз замин бардорад. Бўи баҳор ояд. Нерўи инсонро сабзаю дарахтони бедоршуда гиранд. Тан лоҳас шавад, ҳатто хуши кас ба роҳ рафтан наояд. Аммо зўру тавони тракторҳо зиёда гардад. Тракторҳо аспи рамузфаҳм барин ба ҷои соҳибонашон низ кор кардан хоҳанд. Қумрӣ дар кор ҳиллаю найранг надорад, шояд барои ҳамин мошини ў яккаш кор кунад. Ва ў донад, ки мошинаҳои шогирдон низ ҳамин зайл кор кунанд. Ҳар бор ки трактори Қумрӣ огард гирифта, рў ба ҷониби деҳа орад, ў ба роҳи калон нигарад. Ин одати тифлонаи ўст. Қумрӣ занаки калон аст, модар аст, аммо ҳоло ҳам роҳбонӣ кунад. Ниҳоят аз тарафи деҳа касе пайдо шуд. Қумрӣ ўро аз дур шинохт. Тракторро то канори замин бурда, мотори онро хомўш кард ва фуромада сўйи шипанг рафт. Ба шипанг наздик омада боре ба саҳро нигарист, ҳамаро машғули кор дида, як позаи кўҳнаи тракторро, ки дар болосинҷи шипанг овехта буданд, бо санге зад ва ҳамаро ба танаффусу хўрок даъват кард. Сонӣ ба ҷои он ки дасту рўяшро ба оби наҳр шўяд, ба пешвози занаке, ки аз ҷониби деҳа меомад, рафта, сатилро аз тори сари ў гирифт ва «монда шудӣ, оча?» гуфта пурсид. Вале модар ба ҷои ҷавоб табассум кард ва дастархони нонбастаро аз дасти чап ба дасти рост гузаронд.
— Акнун мепурсӣ, ки монда шудам? Ман монда нашавам, ҷони ман аз фўлод.
Қумрӣ гапи модарро набурида ва ҷавобе надода паҳлўяш қадам зад. Донист, ки модар чӣ гўяд, донист, ки кадом чиз алами ўро орад, донист, ки кадом гап забонашро хоронад, донист, ки ба кадом чиз шўрад; аз ин рў чизе нагуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор