Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо Кумрӣ аз тарс худро дар оғўши моиндари ҷавон андохта ва ҷафстар шуда, паноҳ бурдан хост.
Мулло Шокир доду фиғони духтарро шунида, панҷшоха аз паси гардани Салима гирифт ва сўи онхо нигарист. Ҳурбибӣ сари духтаракро ба банди дилаш пахш мекард. Шоха аз дасти мардак афтид ва ў охиста-оҳиста ҷониби онҳо равон шуд. Сахт сурфид, ки аз рафтанаш пай баранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳурбибӣ омадани ўро дида ба Қумрӣ фаҳмониданӣ шуда аз китфонаш гирифта андаке аз худ дур кард ва «дадат меояд» гуфт, Қумрӣ аз вай андаке дур шуда бошад ҳам, сўи падар нанигарист. Падар ба ҳеҷ чиз эътиборе надода ба ҳавлии дарун даромад.
Салима ҳоло ҳам аз сари танўр сар намебардошт.
Бўйи нони сўхта омад. Ҳурбибӣ аз чунин истоди палонҷаш хавф бурда, тозон омад ва аз таги манаҳаш нигоҳ карда пурсид:
«Кушт?»
— Натарс, шўхӣ кард. Барои духтараш шуда,– пичиррос зад Салима.
— Гўр шўхиаш шавад, талхаам кафид,– гуфт ў ва чашмаш ба фағонаи дуди танўр афтид, ба палонҷ нигарист, вале аз ў ягон ишорате надида, остинча ба даст кашид ва бо оташгирак нони болои оташ афтида дуд кардаро бардошта як сў гузошт ва нонҳои пухта, гузаштаро канда ба табақи лангарӣ андохт.
— Метонистаӣ-ку,–гуфт Салима нонкании ўро дида.
— Чӣ, ман аз осмон афтидаам?
Қумрй ҳайрон буд, ки падар аз барои вай ин қадар занашро азоб доду аз чӣ рў нигоҳ накарда, чизе нафармуда ба ҳавлии дарун даромад, ақаллан ба дилбардорӣ ятон чиз нагуфт. Қумрӣ гумон кард, ки вай ба ҳеҷ кас лозим нест, ҳатто ба падараш. Акнун бо ақли норасои худ чӣ кор карданашро донад. Орзуяш, ки зудтар апааш Тўтиро бинад. Бинаду буду шуди гапро гўяд. «Модарандари меҳрубонат туро лўлаболиши Мулло Шокир шудааст, гуфт» гўяд.
Сонӣ ягон чиз шавад. Духтарак башитоб аз дарвоза баромад ва сўи пахтазор тохт. Хост, ки зудтар аз назарҳо ғойиб шавад ва ҷои рафти ўро касе набинад. Фикр кард, ки агар вай гум шавад, падараш боз Салимаро бештар азоб диҳад. Ончунон тохт, ки ба назар ҷигараш дуд кард. То даруни пахтазор тохт, монда шуда даруни ҷўя дароз кашид, нами пахтазор ба танаш ҳаловат бахшид, вале ташнагиашро нашикаст. Об хост, аз рўи сарҷўи об гузашта омада буд, чунон бо ҳаяҷон омад, ки обро надид, инак об ҷўяду об хоҳад. Дуздона сар аз байни пахтазор боло карданӣ шуд, то бубинад, ки мардум дар куҷо пахта чинанд ва ўро касе таъқиб кунад ё не, аммо қадаш аз байни ниҳолҳо нанамуд. Сари вот баромад. Апааш Тўтиро ҷуст. Ў ба воти баланди пахтазор баромада бошад ҳам, ин духтараки хурдакаки дар зери чашм ва рўяш нақши ашк мондаро касе намедид.

пешина
аз 429
навбатӣ