Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Апа-а!!! – фарёд зад ў.
Пахтачинон аз дуру наздик сар бардошта ба ў нигоҳ карданд, вале касе нашинохт. Баъд занаке аз пахтазор берун омада духтараки гирёнро дида пурсид:
— Апаи ту кист?
— Тўтӣ.
— Тўтӣ... Тўтӣ...– ба ёд меовардагӣ барин такрор кард занак.– Дар ин ҷо Тўтӣ нест.
— Амаи Санам ҳам нест? – базўр гиряашро дошта пурсид духтарак.
— Ҳа-а, Санам ҳў-ў дар он ҷо,– бо ишораи даст майдонн дигарро нишон дода гуфт занак.
Ў ба майдони нишондодаи занак равон шуд. Ба он ҷо нарасида, саворе аз пасаш асп монда омад. Духтарак саворро шинохт ва худро зуд даруни пахтазор пинҳон кард. Аммо аз чашми савор пинҳон намонда буд. Асп пуршаст меомад. Духтарак гумон кард, ки падар зайле ки дар Душанбе вақти дуздиданаш чангол зада аз мўю гиребонаш якҷоя бардошта буд, ўро аз байни пахтазор бардорад. Лек савор чунин рафтор накард, балки аспро сари вот, дар латтахоре баста, худ мисли сайёд, ки мурғакеро байни буттахорҳо гум карда бошад, даруни пахтазор даромад. Духтарро ҷеғ зад: «Қумрӣ! Қумрӣ!», аммо ҷавобе нашунид. Қумрӣ қад-қади ҷўяк хам шуда, ба майдоне ки апааш пахта мечид, расида’буд.
Падар ин чизро надониста, дар миёни пахтазор ўро ҷуст: «Қумрӣ!
Қумрӣ!!!»
Қумрӣ ба садои падар эътибор надод, балки аз он гурехт ва дар байни занону духтарони пахтачин апаашро ҷуст.
— Апа! Тўтӣ! – баробари апаашро дидан фарёд зад ва ба ниҳоли пахта пеши пой хўрда афтид.
Тўтӣ, ки аз чунин саросема омадани хоҳар ва аз ногаҳон дар ин ҷо пайдо шудани ў ҳайрон буд, ба пешвозаш тохта, ба ў расамнарасам «Очам нағзай?» гуфт. Қумрӣ саволи апаашро нашунида гирёну нолон худро ба оғўши апа андохт.
— Апа... Ана! Ту зиндаӣ?
— Чӣ гап? Чӣ шудааст?
— Гуфтанд, ки ту лўлаболиши отат шудаӣ.
— Кӣ гуфт?
— Салима.
— И, ту ба ҳамин хафа шудӣ?
— Неки, не.
— Кас болишти таги сари падараш шавад ганда?
— Ла-а, вай ин хел нагуфт...

пешина
аз 429
навбатӣ