Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аспи Мулло Шокир шиҳа кашид. Қумрӣ худро ба оғўши апа ҷафстар кард. «Отам аз пайи ман омад.. Маро пинҳон бикун».
— Барои чӣ? – ҳайрон шуда пурсид Тўтӣ.
— Аз барои ман Салимаро бо панҷшоха зада кушт.
— Чӣ-ӣ!?
— Бо панҷшоха аз паси гарданаш...
— Рост мегўӣ?
— Рост. Барои ҳамин гапаш...
— А-а-а, шайтонча... як дам наистодӣ-а? Гурехтӣ-а? – пои рост аз рикоб бароварда ва майли аз асп фаромадан карда гуфт Мулло Шокир. Сонӣ аз асп пиёда шуда, лаҷоми онро ба қоши зин қантар баста ҷониби духтарон омад. Мулло Шокири капа-калон назди духтарча нишаста ўро ба оғўш кашида, хеле вақт хомўш истода, гиряашро гўш кард ва ҳушу хаёлаш ба Садафмоҳи нозанин рафта, духтарро аз ин назар дўстдорӣ кард ва дар охир «айби очат, духтарам» гуфт. Аз ин гап алами Қумрӣ зиёда шуд ва баландтар гирист. Тўтӣ ўро аз оғўши падар ҷудо карда бағал гирифт ва аз падар хоҳиш кард, ки дигар ба вай гап назанад. Мулло Шокир, ки сари зону нишаста буд, бархоста аз Қумрӣ пурсид, ки назди модараш рафтан хоҳад ва ё ба хона барад. Қумрӣ, «намеравам вассалом, ҳамин ҷо ҳамроҳи апаам пахта мечинам», гуфта даруни ҷўя нишаст...
...Ана аз ҳамон вақт инҷониб Қумрӣ худро даруни пахтазор медонад ва ба ҳамкорон «чил сол аст, ки ман даруни пахтазоронам» мегўяд.
— Худаш ҳам саҳл монда буд, ки туро даруни пахтазор зоям,– шўхӣ кард Садафмоҳ.
— Ҳамту ҳам будагист, оча, лекин ту ба инҳо ҳикоят бикун, ки чӣ хел маро аз хонаи отам дуздидӣ?
— Аввал вай гўрсўхта туро дуздида бурд, баъд ман рафта дуздида овардам.
— Вай дуздид, лекин ту рўирост гирифта овардӣ? Ҳамин хел?
— Чӣ хел кас баччаи худро дуздад? Гирифта-му овардам.
— Ман-ку медонам, лекин ту ба инҳо гўй, ки чӣ хел маро аз даруни пахтазор дуздидӣ?
— Ман ба хонаи отат рафтам,– ёд оварда ба гап даромад Садафмоҳ.– Отат набуд, Ҳурбибӣ набуд (аз афти кор хонаи оташ рафта буд), Санам набуд, шумо набудед, фақат Салима дар лаби ҷўй сари духтарашро мешушт. Ман аз ў чизе напурсидам. Ба пахтазор рафтам, ки ту ҳамроҳи Тўтӣ пахта мечиӣӣ. Баробари маро дидан фиғон бардошта дарафтидед, ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст...– хеле вақт хомўш монда, хаёлаш ба куҷоҳое рафт.– Худатон беихтиёр аз пахтазор баромада пеш-пешам даромадед. Аз пас садоеро шунидам: «То дар зартўдаи падар мондана, дар хокистартўдаи модар бимон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор