Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Барқ ҷунон дурахшид, ки як нафас олам мунаввар шуд, раъд чунон ғуррид, чунон қарсос зада рафт, ки гўе ё шишаи нилўии осмонро ба харсанге зада шикаста бошанд. Онҳо – модару духтар гўшҳо бо кафи дастон маҳкам доштанд, то аз чунин садои пуршаст ва тиросо кар нашаванд.
— Хаёлам, ки осмон афтид, – ба чоки гиребонаш туф-туф карда гуфт Садафмоҳ.
— Ғалтид, оча, ғалтид,– гамангез гуфт ў.– Ҳамин қадар меҳнатамон як пул шуд.
Шасти борон гашт ва ҳамвора боридан гирифт. Дар болои боми тунукаи ҷаҳон боз бочкаи холӣ оҳиста-оҳиста меғелид. Қумрӣ гумон кард, ки чунин бозии баччагонаи табиат ба зудӣ тамом нашавад Ба хонаи дигар гузашт, ба ошхона даромад. Гўё чизе гум карда, меҷуст.
— Чӣ мекобӣ, Қумрӣ? – ба вай мадад карданӣ шуда пурсид модар.
— Ҳеҷ чиз, оча! – гўё модарро ором кард ва боронию чатр гирифта, аз хона бадар рафтанӣ шуд.
— Куҷо? Дар ин бевақтӣ куҷо меравӣ?
Қумрӣ баргашта ба модар нигарист ва паст ҷавоб дод:
— Ҷанг...
— Ҷанг мўҳтоҷи ту не,– аз китфи духтар боздошта гуфт модар.
– Биист, бе ту ҳам мегузарад, Ту ҳоло ҷонфидо. Одам бояд худро эҳтиёт кунад, ғами худро хўрад. Ту ҳоло ба ин чизҳо сарфаҳм намеравӣ, чунки дар ин бораҳо андеша надорӣ. Худат гўӣ, ки оча, ту маро дар саҳро зоидаӣ... Ақаллан шабатро ором гузарон... Аз ту ҳама миннатдор, ҳатто замин. Лекин дониста мон, ки осмон ҳеҷ гоҳ миннатдор нашавад. Ба кори осмон шарик нашав. Ниҳояташ абрро аз рўи пахтазор зада, болои кўҳсор мерондаанд. Жоларо борон мекардаанд. Фоида надорад. Дар зери замин об бошад, аз як ҷо зада барояд, кори осмон ҳам ҳамин. Вай бояд борон диҳад, барф диҳад. Ё гапам нодуруст?
Қумрӣ ба гапи модар чандон аҳамият надод, Садафмоҳ ин чизро ҳис кард. Сонӣ чатрро аз дасти духтар гирифта гапро идома дод:
— Албатта нодуруст... Аз роҳат гардондам. Кори ношуданӣ шуд, ин қадар обро аз замин бардошта натавонӣ, ин кори табиат, боз худаш бардорад, дастиёраш – Офтобро фармояд, дар чанд соат ин корро ба сомон расонад. Барои ҳамин,..– гуфта ў оҳиста аз китфи духтар тела дод, то баргашта ба хона дарояд.
— Акама бинам,– хоҳиш кард Қумрӣ.
— Телефон бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор