Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гумон дорӣ, ки ў дар хонааш?
— Телефон бикун, будану набуданашро гўянд.
— Не, оча дар ин бевақтӣ телефон кардан хуб нест.
— Ман донам, ки дар чунин вазъиятҳо ў дар хона нашинад: ё дар саҳро ё дар идораи райком... Ту намедонӣ, оча, ин калонҳоро.
На шаб ором доранд, на рўз. Ба назари касоне, ки надонанд, гўё онҳо фақат ҳузуру ҳаловат доранд. Ин хел не. Ҳама ғаму ташвиши дунё дар гардани онҳост. Алалхусус дар чунин вақтҳо на райком ором дорад ва на раис...
Қумрӣ қасдан раис гуфт, дигар вақтҳо назди очааш «акам»
мегуфт ва ҳар гоҳ он шаби зимистонро ёд меовард; шаберо, ки онҳоро аз даҳони гурги гурусна халос карда буд. Баъди он воқеа онҳо боз назди ў рафтанд, дурусттар шинос шуданд, акаю хоҳар гаштанд, рафтуо карданд. Ҳатто Мулло Шокир аз ин ҳодиса огоҳ гашта назди марди савор омада миннатдорӣ кардааст. Ин гап барои Қумрӣ хотира шуд. Ҳоло дар бораи раису борони арасоту кишту пахта фикр кунад. Раисро барои он дидан хоҳад, ки ҳамроҳ саҳро рафта бинанд, ки табиат барои меҳнаташон чӣ подоше бахшидааст.
— Шаб рўз шавад, Қумрӣ,– ташвиши ўро дида гуфт модар.
— Дер шавад.
— Чӣ, ту зери борон киштро аз нав сар карданӣ? Пеш дар пахтазорон ин хел ташвишҳо набуд. Мекориданд, шавад-мешуд, нашавад-не. Вале аз бозе ки дар ин водӣ муҳоҷири бисёре омаду касбу ҳунар пахтакорӣ шуд, ташвиш зиёд гашт. Солҳое омад, ки дубораю себора пунбадона коштанд.
— Имсол ҳам мисли ҳамон солҳост...
Садои тўпҳо басанда шуданд, аммо борон беист меборид. Қумрӣ дар саҳни ҳавлӣ ҳайрон монда, кўли саҳнро дида гумон дошт рўи оламро об гирифтааст, оби азов. Ҳоло дар гўшаи дигари осмон раъд ғуррид; ҳооо дар он ҷо: дар болойи кўҳҳои баланди ҷониби Машриқ, ки дар дунё баландтар ва гаронтар аз онҳо кўҳе нест ва тундар чароғак зада ҳар донаи «гўгирд»-и фурўзонашро ба дараҳои хомўшу жарфи кўҳсор меафканд.
Қумрӣ дар хона намеғунҷид: на хоб дошт ва на оромӣ; на баромада ба саҳро рафта метавонист, ақаллан то назди раис (ҳоло директор, вале ҳама ўро ҳамчун раиси колхоз шиносанд ва «раис» дар забонашон шиштааст), равад ҳам хуб. Ў аз тиреза берун менигарад. Самти шарқии осмон бунафшаранг гардад, тарҳи силсилакўҳ, ки ҷанубу шарқии водиро ҳалқа гирифтааст, аён шавад. Кўҳҳо мояи ифтихори тоҷик, аммо пешбанду пешгир, ки кас дуриҳоро дида натавонад. Барои он сўро дидан ба қулла бояд баромад; сахт заҳматталаб. На ҳар пой то баромади он бипояд…
Субҳ дамад, дили Қумрӣ тапад. Ў мўза ба пой кашида буд ва надонад куҷо равад.

пешина
аз 429
навбатӣ